Вохӯрии сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон дар Душанбе

Нимаи аввали имрӯз дар шаҳри Душанбе вохӯрии сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон доир мегардад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, Эмомалӣ Раҳмон, Ҳасани Рӯҳонӣ ва Ҳомид Карзай масъалаҳои вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни се кишвари форсизабон дар бахшҳои иқтисоду нақлиёт, амният, энергетика ва тиҷоратро баррасӣ хоҳанд кард. Барои […]



Нимаи аввали имрӯз дар шаҳри Душанбе вохӯрии сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон доир мегардад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, Эмомалӣ Раҳмон, Ҳасани Рӯҳонӣ ва Ҳомид Карзай масъалаҳои вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни се кишвари форсизабон дар бахшҳои иқтисоду нақлиёт, амният, энергетика ва тиҷоратро баррасӣ хоҳанд кард.

Барои иштирок дар кори нишасти СҲШ президенти Афғонистон Ҳомид Карзай ин дақиқаҳо бояд ба Тоҷикистон ворид шавад. Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи 10-уми сентябр бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Бино ба иттилои ВАО-и Афғонистон, аввали ҳафтаи оянда Ҳомид Карзай ваколатҳои худро ба президенти тозаинтихоб месупорад ва сафари кунунии ӯ ба Тоҷикистон яқинан сафари охирини ӯ ба кишвари хориҷӣ ба сифати сарвари давлати Афғонистон маҳсуб меёбад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.