КВД «Талко» ба корҳои таъмиру барқарорсозӣ ва таҷдиди корхона ҳудуди $100 млн. хароҷот кард

Душанбе. 9-уи июл. ОИ «Азия-Плюс» – Афзоиши даромад ва сатҳи баланди таҷдиди иқтидорҳои истеҳсолӣ дар се соли ахир аз он шаҳодат медиҳанд, ки Корхонаи воҳиди давлатии ширкати алюминии Тоҷикистон (КВД «Талко») ба марҳилаи тозаи рушд ворид гардидааст. Сухангӯи КВД «Талко» Саёҳат Қодирова иттилоъ медиҳад, ки танҳо дар шаш моҳи соли равон густариши муносиботи иқтисодӣ ва […]

Виктория Наумова/Наргис Ҳамробоева



Душанбе. 9-уи июл. ОИ «Азия-Плюс» – Афзоиши даромад ва сатҳи баланди таҷдиди иқтидорҳои истеҳсолӣ дар се соли ахир аз он шаҳодат медиҳанд, ки Корхонаи воҳиди давлатии ширкати алюминии Тоҷикистон (КВД «Талко») ба марҳилаи тозаи рушд ворид гардидааст.






Сухангӯи КВД «Талко» Саёҳат Қодирова иттилоъ медиҳад, ки танҳо дар шаш моҳи соли равон густариши муносиботи иқтисодӣ ва тиҷоратии хориҷӣ ба афзоиши муомилоти молии корхона боис гаштааст. Дар ин давра нишондиҳандаи мазкур $829,7 миллионро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи $45,2 млн. зиёдтар аст. «Дар шаш моҳи соли равон аз рӯи муомилоти тиҷоратии хориҷӣ ба андозаи $319,8 млн. бақия ҳосил шудааст, ки нишондиҳандаи беҳтарин дар ҷумҳурӣ мебошад», – гуфт ӯ.





Ба гуфтаи С.Қодирова, вазифаҳои корхона дар марҳилаи аввал аз рушди заминаи энергетикӣ ва захиравӣ аз ҳисоби мавриди истифода қарор додани Маркази барқу гармидиҳии Ёвон (то ин давра $15 млн. харҷ шудааст), бунёди корхонаҳои нави истеҳсоли криолит ва алюминии фторӣ ва кашфу коркарди конҳои худии гилхок ва ангиштсанг дар Тоҷикистон иборатанд.





Тибқи иттилои манбаъ, дар корхона раванди таҷдид идома дорад. Аз ҷумла, се трансформатор аз Чин харидорӣ шуда, моҳи май ба корхона борбардори нави иқтидори борбардориаш 10 тонна оварда шуд ва инчунин дар семоҳаи саввуми соли равон харидории борбардори иқтидори борбардории 16 тонна ба нақша гирифта шудааст.





Айни замон бобати таъмини озмоишгоҳи корхона бо таҷҳизоти замонавӣ ба маблағи $1 млн. гуфтушунид идома дорад. Нақшаи хароҷоти имсола $12-15 миллионро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда соли гузашта ба ҳудуди


$


8 миллион баробар буд.





Тайи се соли ахир ба бахши менеҷменти корхона муяссар гашт, ки нишондиҳандаҳои истеҳсолиро ба андозаи 50% зиёд кунад. Дар маҷмӯъ, КВД «Талко» ба корҳои таъмиру барқарорсозӣ ва таҷдиди корхона ҳудуди $100 млн. хароҷот кардааст, ки ин бори нахуст аст.



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат