Бозомӯзӣ дар чорчӯбаи барномаҳои «Омӯзиш ва парвариши барвақтии кӯдакон»

Институти «Ҷамъияти  Кушода» – Бунёди Мадад (ИҶК-БМ) дар Тоҷикистон дар чорчӯбаи барномаҳои «Омӯзиш ва парвариши барвақтии кӯдакон» ва “Тандурустӣ” аз 30 сентябр то 2 октябри соли равон доир намудани бозомӯзии “Дахолати барвақтии кӯдакон”- ро  ба нақша гирифтаанд. Тавре аз ИҶК-БМ дар Тоҷикистон хабар доданд, ин бозомӯзӣ барои намояндагони сохторҳои ҳокимиятҳои маҳаллӣ, муассисаҳои таълимии шаҳрӣ ва […]

ASIA-Plus



Институти «Ҷамъияти  Кушода» – Бунёди Мадад (ИҶК-БМ) дар Тоҷикистон дар чорчӯбаи барномаҳои «Омӯзиш ва парвариши барвақтии кӯдакон» ва “Тандурустӣ” аз 30 сентябр то 2 октябри соли равон доир намудани бозомӯзии “Дахолати барвақтии кӯдакон”- ро  ба нақша гирифтаанд.

Тавре аз ИҶК-БМ дар Тоҷикистон хабар доданд, ин бозомӯзӣ барои намояндагони сохторҳои ҳокимиятҳои маҳаллӣ, муассисаҳои таълимии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва мутахассисони соҳаи рушди барвақтӣ ва парастории кӯдак дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ баргузор мегардад.

Дар бозомӯзии мазкур масъалаҳои таъсис додани гурӯҳҳои мухталифсамт бо ҷалби мутахассисон, амалӣ гардидани лоиҳаҳои дахолати барвақтии кӯдакон дар минтақаҳо, нақшаи рушди ҳамкорӣ бо шарикон, таҳррезии нақшаи индивидуалии кӯдак ва ғайра баррасӣ хоҳад шуд.

Оилаҳо ва муассисаҳои машғули тарбияи кӯдакони синну соли бармаҳале, ки халалҳои рушд ва ё хатари сар задани онҳоро доранд, ҳангоми кӯмакрасонӣ ва таъмини хизматрасониҳо бояд ҳамаи ҷиҳатҳои зист ва рушди кӯдакро фаро гирад. Барои ноил шудан ба ин амалҳо, корҳои зеринро бояд анҷом дод:

– ҳарчӣ барвақттар муайян кардани ақибмонӣ ва халал дар рушд;

кӯмак расонидан ба дархосту талаботи оилаҳо дар робита бо кӯдакони онҳо (кӯмаки иттилоотӣ ва равоншиносӣ);

– таъмин намудани санҷиши мунтазами сатҳи рушди кӯдак;

– мусоидат намудан ба рушди қобилиятҳои волидайн дар масъалаҳои марбут ба таъмини парастории кӯдакон ва рушди бомуваффақияти онҳо;

– таҳияи якҷояи нақша ва барномаи инфиродӣ оид ба дахолати бармаҳал бо назардошти хусусиятҳои хоси ҳар як кӯдак ва оилаи ӯ аз ҷониби мутахассисон ва оилаҳо. 

Бозомӯзиро Тоби Лонг, – профессори донишгоҳи Ҷорҷтауни ИМА, ки мутахассиси соҳаи   физиотерапевтика мебошад, доир менамояд. Тоби Лонг дар масъалаи кор бо кӯдакони синну соли бармаҳал ва оилаҳои онҳо таҷрибаи калон дорад. Ӯ инчунин, ба ҳайси тренер ва мушовир метавонад масъалаҳои марбутаро  муҳокима  намуда, ба саволҳои соҳаи мазкур маслиҳатҳо диҳад.


Маълумот:

Бозомӯзии аввалине, ки дар шаҳри Душанбе моҳи майи соли равон доир гардида буд, қадами нахустин дар рушди “Дахолати барвақтӣ” буд ва ба иштирокчиёни бозомӯзӣ мафҳумҳои умумии дахолати барвақтӣ дар шароити Тоҷикистон омӯзонда шуд.  Ҳадафи асосии гузарондани силсилаи бозомӯзиҳо доир ба дахолати барвақтии кӯдак, пеш аз ҳама барои  тайёр кардани мутахассисон ва ташкили фаъолият дар минтиқаҳои мамлакат, ки он ба дастгирии оила ва ташкилотҳое, ки имконияти бештар дар инкишоф ва таълими кӯдакони хурдсолро доранд, равона шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.