Ҳукумати Тоҷикистон бояд ба намояндагони Салиби Сурх иҷозати вуруд ба зиндонҳоро диҳад, – назари П.Фурӯғӣ

Душанбе. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе зимни баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи «Тоҷикистон ва Кумитаи СММ муқобили шиканҷа. Пас аз як сол: комёбиҳо ва дурнамои оянда» мушовири Маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Душанбе Паём Фурӯғӣ изҳор дошт, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд ба намояндагони Салиби Сурх ва дигар намояндагони дифоъ […]

Наргис Ҳамробоева



Душанбе. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе зимни баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи «Тоҷикистон ва Кумитаи СММ муқобили шиканҷа. Пас аз як сол: комёбиҳо ва дурнамои оянда» мушовири Маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Душанбе Паём Фурӯғӣ изҳор дошт, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд ба намояндагони Салиби Сурх ва дигар намояндагони дифоъ аз ҳуқуқи иносн иҷозати вуруд ба зиндонҳоро диҳад.






Ба гуфтаи ӯ, соли 2004 президенти кишвар ба намояндагони Салиби Сурх барои вуруд ба маҳбасҳо ва робитаи доимӣ доштан бо маҳбусон иҷозат дода буд. «Шояд ҳукуматдорон аз он дар ҳарос афтоданд, ки амалҳои шиканҷа ва рафтори дағалонаи онҳо бо зиндониён ошкор мегардад, зеро чунин таҷрибаи манфӣ ба ӯҳдадориҳои қабулкардаи ҷумҳурӣ дар доираи қарордодҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ нест, – гуфт П.Фурӯғӣ. – Ман бар он назарам, ки Тоҷикистон бояд бо намояндагони Салиби Сурх кушоду ошкоро рафтор кунад ва ин нуфузи кишварро дар арсаи байнулмилалӣ баланд хоҳад бардошт».





Мудири шӯъбаи риояи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони маъмурияти президенти ҶТ Юсуф Салимов мегӯяд, ки дар кишвар воқеан ҳам макони боздошти гумонбаршудагон ва зиндонҳо ба таври мунтазам аз ҷониби коршиносони ватанӣ ва хориҷӣ санҷида намешаванд. Ӯ қайд кард, ки мавриди амал қарор гирифтани Қонуни ҶТ «Дар бораи намояндаи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон» ҳалли ин мушкилотро осонтар мекунад.





Мушовири сарвари давлат оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Зариф Ализода афзуд, ки айни замон ҷиҳати таъсиси чунин ниҳод корҳои омодагӣ ҷараён доранд. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки феълан рӯи таҳияи Кодекси нави ҷиноятӣ ва мурофиавӣ кор бурда мешавад ва он тирамоҳи соли 2008 ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мегардад.





Афсари Ассотсиатсияи пешгирии шиканҷа Мэтю Прингл гузориши мухтасари натиҷавии мулоҳизаҳои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳидро муаррифӣ сохта, таъкид кард, ки иттилоот дар бораи истифодаи шиканҷа, рафтори дағалонаи намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба маҳбусон, шароити номусоиди зист, ҳолати бади хизматрасонии тиббӣ ва набудани имкони баргузории санҷиши мунтазам ташвишовар аст.



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат