Дилшод Назаров: Медали ман мукофот барои саросари кишвар аст

Имрӯз дар фурудгоҳи пойтахт маросими пуршукӯҳи пешвози қаҳрамони Бозиҳои XVII-уми осиёӣ дар Инчхон, гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров доир гардид. Дар вохӯрии мазкур намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ, кормандони Федератсияи варзиши сабуки ҶТ, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, рӯзноманигорон, дӯстон ва хешону наздикони варзишгар ҳузур доштанд. Дар посух ба саволҳои сершумори рӯзноманигорон Дилшод […]



Имрӯз дар фурудгоҳи пойтахт маросими пуршукӯҳи пешвози қаҳрамони Бозиҳои XVII-уми осиёӣ дар Инчхон, гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ, кормандони Федератсияи варзиши сабуки ҶТ, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, рӯзноманигорон, дӯстон ва хешону наздикони варзишгар ҳузур доштанд.

Дар посух ба саволҳои сершумори рӯзноманигорон Дилшод Назаров зикр кард, ки ӯ ба ғалабаи худ бовар дошт: «Ман ба даст овардани медали тилло дар ин бозиҳоро дар нақша доштам ва ин пирӯзиро ба тамоми мардуми Тоҷикистон мебахшам. Ин медал мукофот барои саросари кишвар аст».

Аммо Дилшод бар ин назар аст, ки нишондиҳандаи бадастовардаи ӯ дар Инчхон барои қитъаи Осиё натиҷаи маъмулӣ буда, вале дар сатҳи ҷаҳонӣ нокофӣ аст. «То Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро боз ду сол вақт боқӣ монда, барои беҳтар кардани ин натиҷа кӯшиш ба харҷ додан зарур аст», – гуфт варзишгар.

Дилшод Назаров изҳори умедворӣ намуд, ки то анҷоми Бозиҳои XVII-уми осиёӣ дар Инчхон, ки боз се рӯзи дигар идома меёбанд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба ноил гардидан боз ба як медали дигар имкон дорад. То охири бозиҳо дар навъҳои варзиши таэвондо, карате ва гӯштии классикӣ рақобатҳо сурат мегиранд.

Дилшод Назаров дар Бозиҳои осиёии соли 2006 ва 2010 низ медали тилло ба даст оварда, пирӯзии сеюми пайдарайи ӯ рӯйдоди нодир дар варзиши ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Дар Бозиҳои Инчхон Дилшод Назаров бо натиҷаи 76 метру 82 сантиметр пирӯз шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.