Боздошти як гурӯҳи нашъаҷаллоб дар Панҷакент

Аз тарафи кормандони Шуъбаи байниноҳиявии Зарафшони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳри Панҷакент дар гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар се сокини маҳаллӣ дастгир карда шуданд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар натиҷаи гузаронидани амалиёти думарҳила аз рӯи усули “харидории назоратӣ” кормандони […]



Аз тарафи кормандони Шуъбаи байниноҳиявии Зарафшони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳри Панҷакент дар гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар се сокини маҳаллӣ дастгир карда шуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар натиҷаи гузаронидани амалиёти думарҳила аз рӯи усули “харидории назоратӣ” кормандони Шуъба аз дастгиршудагон маводи нашъаовари афюн мусодира намуданд. Тавре тафтишоти пешакӣ нишон дод, дастгиршудагон муддати муайян дар ҳудуди ҷамоати Саразми шаҳри Панҷакент бо паҳн намудани афюн машғул буданд.

Гуфта мешавад, аз рӯи ҳодисаи мазкур аз тарафи Шуъбаи тафтишоти Раёсати Агентӣ парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 200 қ.1 КҶ ҶТ оғоз гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки боздоштшудагон ба тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати Агентӣ ворид карда шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.