ТАВАҶҶУҲ: Дар Душанбе писарчаи 8-сола бедарак шуд

Дар Душанбе писарчаи 8-сола бедарак шуд. Беҳрӯз Акаҷонови 8-сола рӯзи 27-уми сентябр каме дуртар аз хонаашон, воқеъ дар назди маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» бедарак шудааст. Падари кӯдаки бедаракшуда ба идораи «Азия-Плюс» омада, дархост намуд, ки дар паҳншавии ин маълумот тариқи матбуот кумак расонида шавад. Бино ба иттилои бахши тоҷикии сомонаи радиои «Озодӣ» , волидони […]



Дар Душанбе писарчаи 8-сола бедарак шуд. Беҳрӯз Акаҷонови 8-сола рӯзи 27-уми сентябр каме дуртар аз хонаашон, воқеъ дар назди маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» бедарак шудааст.

Падари кӯдаки бедаракшуда ба идораи «Азия-Плюс» омада, дархост намуд, ки дар паҳншавии ин маълумот тариқи матбуот кумак расонида шавад.

Бино ба иттилои бахши тоҷикии сомонаи

радиои «Озодӣ»

, волидони Беҳрӯз гуфтаанд, ҷустуҷӯи маъмурони пулис дар чор рӯзи гузашта натиҷа надода, онҳо бо насби аксҳои фарзанди худ дар хиёбонҳо аз мардум кумак талаб доранд.

Гуфта мешавад, Беҳрӯзи ҳаштсола, хонандаи синфи дувуми мактаби рақами 18 дар Душанбе, чор рӯз пеш аз манзилашон берун рафта, бо ҳамин бедарак шудааст. Ҷӯрабек Акаҷонов, падари Беҳрӯз, гуфтааст, бори охир писарашро дар наздикии бинои “Шарқи озод”, маъруф ба ГЖК дидаанд.

“Чор рӯз қабл мо ният доштем, ба манзили дигар кӯч бандем. Ман ҷиҳози хонаро бурданӣ будам, ки писарам гуфт: “маро ҳам баред”. Гуфтам, ин дафъа меояму туро ҳам мебарам. Вақте бозгаштам, ӯ набуд”, – иброз доштааст Акаҷонов.

Падари Беҳрӯзи ҳаштсола изҳор намудааст, ки ҳоло аксҳои писарашро дар истгоҳҳову кӯчаҳо насб кардааст ва аз сокинон дархост мекунад, ки барои дарёфти писараш ба ӯ кумак кунанд.

Ба гуфтаи падараи писарча, аз бедаракшавии писараш ӯ дарҳол мақомоти милисаро огоҳ намудааст, вале аз кори онҳо шикоят дорад. «Онҳо ҳамеша аз ман маълумотеро интизорӣ доранд, дар ҳолест, ки ман бояд аз онҳо натиҷаи ҷустуҷӯро бипурсам. Масалан, ман ба камераҳои мушоҳидаи видеойии канори роҳ дастрасӣ надорам ва аз онҳо чандин маротиба дархост кардам, ки сабтҳои онро аз назар гузаронанд, шояд он ҷо чизе бошад, вале дархостҳои ман бепосух мемонанд», – шикоят мекунад падари кӯдаки гумшуда.


Агар касе маълумоте дар даст дошта бошад, ки ба дарёфти кӯдак кумак кунад, хоҳишмандем бо телефонҳои – 93-569-00-05 ва 93-569-70-05 дар тамос шаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.