Мусодираи миқдори зиёди маводи мухаддир дар Ишкошим

Дар доираи амалиёти “Кӯкнор-2014” кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ зиёда аз 22 кг маводи нашъаовар мусодира намуданд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар наздикии деҳаи Дашти ноҳияи Ишкошими ВМКБ дар гумони даст доштан дар қочоқи маводи нашъаовар сокини 20-солаи маҳаллӣ боздошт гардид. Дар натиҷаи кофтукови шахсӣ […]



Дар доираи амалиёти “Кӯкнор-2014” кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ зиёда аз 22 кг маводи нашъаовар мусодира намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар наздикии деҳаи Дашти ноҳияи Ишкошими ВМКБ дар гумони даст доштан дар қочоқи маводи нашъаовар сокини 20-солаи маҳаллӣ боздошт гардид. Дар натиҷаи кофтукови шахсӣ аз ӯ ду халта бо 45 адад маводи китобшакл бо моддаи бӯи махсус дошта дарёфт ва мусодира гардид.

Гуфта мешавад, мутобиқи хулосаи экспертизаи судӣ моддаи дарёфтшуда навъи гашиш буда, вазни он 22 кг 190 граммро ташкил менамояд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст. Тафтишот ҳоло муайян намуда истодааст, ки чӣ гуна маводи нашъаовар ба миқори калон дар дасти шаҳрванди Тоҷикистон пайдо шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.