Сарони 5 давлат Шартномаи қатъи фаъолияти ЕврАзЭС-ро имзо мекунанд

Дар ҷаласаи рӯзи 10-уми октябри Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) дар шаҳри Минск сарони кишварҳои Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон аз кори Иттиҳод натиҷагирӣ карда, Шартномаи қатъи фаъолияти онро аз 1-уми январи соли 2015 ба имзо мерасонанд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, давоми 14 соли фаъолият ин созмон дар рушди […]



Дар ҷаласаи рӯзи 10-уми октябри Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) дар шаҳри Минск сарони кишварҳои Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон аз кори Иттиҳод натиҷагирӣ карда, Шартномаи қатъи фаъолияти онро аз 1-уми январи соли 2015 ба имзо мерасонанд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, давоми 14 соли фаъолият ин созмон дар рушди равандҳои ҳамгиройии минтақаи авруосиёӣ саҳми босазо гузошта, ба ташаккули Иттиҳоди Гумрукӣ, Фазои ягонаи иқтисодии Русия, Беларус ва Қазоқистон ва ҳамчунин баромадан ба сатҳи нави ҳамгиройӣ – таъсиси Иттиҳоди иқтисодии авруосиёӣ муосидат намуд.

Гуфта мешавад, дар нишасти ИДМ дар Минск баррасии масоили рушди ҳамкориҳои бисёрҷониба дар бахшҳои иқтисоду фарҳанг ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар назар буда, як қатор созишномаву қарорҳои дахлдор ва ҳамчунин Изҳорот дар бораи таҳкими низоми байнулмилалии назорати маводи мухаддир барои имзо омода мегарданд. Ҳамчунин дар робита ба 70-солагии Ғалаба дар ҶБВ-и солҳои 1941-1945 сарони кишварҳо Муроҷиатнома ба мардуми Иттиҳод ва ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.