Муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Саидбой Зокиров дар кори конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Равандҳои интихоботӣ дар паҳнои ИДМ», ки аз 9 то 12-уми октябр дар қароргоҳи ИДМ дар Минск доир мегардад, иштирок ва маърӯза мекунад.
Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар кори ин конфронс намояндагони кишварҳои узви ИДМ, САҲА, коршиносони байнулмилалӣ, сиёсатшиносон ширкат варзида, чорабинии мазкур аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Иттиҳод созмон дода шудааст.
«Зимни суханронӣ муовини раиси КМИР Тоҷикистон ба иштирокдорони конфронс дар бораи тағйироту иловаҳои воридшуда ба қонунгузории интихоботии ҷумҳурӣ маълумот хоҳад дод», – афзуд номбурда.



