Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс



– Дар маркази савдои «Пойтахт» ҷаласаи навбатии фонди ҷамъиятии «Гуфтугӯи тамаддунҳо» доир мегардад, ки ин дафъа сафири нахустини Эрон дар Тоҷикистон (солҳои 1991-1997) Алӣ Ашраф Муҷтаҳид Шабистарӣ меҳмони навбатии маҳфил мегардад. Оғоз соати 17-00;

– Ҷаласа навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор мешавад. Оғоз соати 10-00;

– Дар Минск ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад.



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

4.9981

сомонӣ;


1

евро –

6.3322

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1


255



сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих



Рӯзи байнулмилалии почта


1963

– Ифтитоҳи анҷумани аввалини ҷарроҳони Тоҷикистон


2002

– Президенти ҶТ Э.Раҳмонов Фармон дар бораи таъсиси Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатиро ба имзо расонид.


2009

— Пешвои исмоилиёни ҷаҳон волоҳазарат Шоҳзода Карим Оғо Хони IV ба Тоҷикистон ташриф оварда, Маркази исмоилиён дар Душанберо ифтитоҳ намуд.


1942

– Зодрӯзи нависанда Искандар Ҳамроқулов.


1947

– Мавлуди роҳбари хадамоти иттилоотии ОИ «Азия-Плюс» Баҳром Маннонов.


1972

– Зодрӯзи журналист Раҳматкарими Давлат.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, рӯзона аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +17+22, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +13+18.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, рӯзона аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +12+17, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +5+10.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +3+8, рӯзона +14+19;  дар шарқи вилоят шабона -4-9, рӯзона +4+9.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳгоҳон борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, рӯзона аксран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +14+19, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +10+15.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, рӯзона бидуни боришоти назаррас.  

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +17+19.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, рӯзона бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +20+22.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +14+16.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +16+18.

spot_imgspot_img

Популярное