Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Дар маркази савдои «Пойтахт» ҷаласаи навбатии фонди ҷамъиятии «Гуфтугӯи тамаддунҳо» доир мегардад, ки ин дафъа сафири нахустини Эрон дар Тоҷикистон (солҳои 1991-1997) Алӣ Ашраф Муҷтаҳид Шабистарӣ меҳмони навбатии маҳфил мегардад. Оғоз соати 17-00; – Ҷаласа навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор мешавад. Оғоз соати 10-00; – Дар Минск […]



Анонс



– Дар маркази савдои «Пойтахт» ҷаласаи навбатии фонди ҷамъиятии «Гуфтугӯи тамаддунҳо» доир мегардад, ки ин дафъа сафири нахустини Эрон дар Тоҷикистон (солҳои 1991-1997) Алӣ Ашраф Муҷтаҳид Шабистарӣ меҳмони навбатии маҳфил мегардад. Оғоз соати 17-00;

– Ҷаласа навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор мешавад. Оғоз соати 10-00;

– Дар Минск ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад.



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

4.9981

сомонӣ;


1

евро –

6.3322

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1


255



сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих



Рӯзи байнулмилалии почта


1963

– Ифтитоҳи анҷумани аввалини ҷарроҳони Тоҷикистон


2002

– Президенти ҶТ Э.Раҳмонов Фармон дар бораи таъсиси Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатиро ба имзо расонид.


2009

— Пешвои исмоилиёни ҷаҳон волоҳазарат Шоҳзода Карим Оғо Хони IV ба Тоҷикистон ташриф оварда, Маркази исмоилиён дар Душанберо ифтитоҳ намуд.


1942

– Зодрӯзи нависанда Искандар Ҳамроқулов.


1947

– Мавлуди роҳбари хадамоти иттилоотии ОИ «Азия-Плюс» Баҳром Маннонов.


1972

– Зодрӯзи журналист Раҳматкарими Давлат.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, рӯзона аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +17+22, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +13+18.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, рӯзона аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +12+17, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +5+10.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +3+8, рӯзона +14+19;  дар шарқи вилоят шабона -4-9, рӯзона +4+9.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳгоҳон борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, рӯзона аксран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +14+19, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +10+15.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, рӯзона бидуни боришоти назаррас.  

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +17+19.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, рӯзона бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +20+22.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +14+16.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +16+18.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.