Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти думарҳила дар ҳудуди шаҳри Конибодом кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд сокини 28-солаи маҳаллиро дастгир намуданд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, аз ӯ як адад бастаи селофанӣ мусодира гардид, ки дар дохили он 25 дона маводи нашъаовари ҳашиш мавҷуд буд.
Гуфта мешавад, тафтишоти пешакӣ нишон додааст, ки дастгиршуда ният дошт маводи нашъаовари ҳашишро дар ҳудуди шаҳри Конибодом фурӯшад.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ҳодисаи мазкур аз тарафи Шуъбаи тафтишоти Раёсати Агентӣ парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 200 қ.1 КҶ ҶТ (“Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан”) оғоз гардидааст.
Зимнан зикр мегардад, ки боздоштшуда ба тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати Агентӣ ворид карда шудааст.








