Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ аз ҷавонони ҷумҳурӣ даъват кард, ки ба иғвогариҳо дода нашуда, ҳушёриро аз даст надиҳанд.
Роҳбари бахши ҷавонони ҲХДТ «Адҳам Маъмурзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ташкилоти «Созандагони Ватан» овозаҳои аз ҷониби баъзе нерӯҳо паҳншуда дар бораи баргузории гирдиҳамойии ғайриқонунӣ дар шаҳри Душанберо маҳкум намуда, изҳор медорад, ки онҳо ба ноамну муташанниҷ кардани вазъ нигаронида шудаанд.
«Мо аз ҳамаи ҷонибдорони худ даъват мекунем, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ин амали афродеро, ки аз сулҳу суботи Тоҷикистон хуш надоранд, маҳкум кунанд», – иброз дошт ӯ.
Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ моҳи апрели соли 2011 таъсис дода шуда, моҳи ноябр дар Вазорати адлия сабти ном шуд. Айни замон шумори аъзои ташкилот ҳудуди 35 ҳазор нафар ҷавононро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, ҳудуди 60 ҳазор нафар аъзои ҷавони ҲХДТ низ ба сафҳои ташкилоти «Созандагони Ватан» шомил шуданд.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 230 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.








