Рӯзи 8-уми октябри соли 2014 дар Котиботи Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) маросими супурдани Эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода ба ҳайси Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲИ ба Дабири кулли СҲИ Шамил Алескеров баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба рушд ва тавсеаи ҳамкориҳо дар чорчӯбаи ин Созмон, махсусан дар заминаҳои иқтисодӣ, нақлиёт, коммуникатсия, кишоварзӣ, энергетика, илму маориф ва фарҳанг табодули назар карданд.
Дабири кулли СҲИ бо орзуи муваффақият ба фаъолияти Сафири Тоҷикистон дар Эрон, дар робита ба фаъолияти имрӯзаи Созмон ва аҳамияти он ҷиҳати рушду пешрафти кишварҳои узв ва минтақа маълумоти муфассал баён намуд.
Ёдрас мекунем, ки ба СҲИ кишварҳои Эрон, Покистон, Туркия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шомиланд.








