Ҷалби донишҷӯён -дружиначиён барои таъмини тартибот дар Душанбе

Ҳудуди 500 нафар дружиначиёни ҷавон барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар кӯчаҳои Душанбе ҷалб шудаанд. Як манбаъ аз Коллеҷи омӯзгории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи 9-уми октябр донишҷӯёни коллеҷро ба кадом як рӯйхате шомил намуда, гуфтаанд, ки рӯзи 10-уми октябр онҳо барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар майдони «Дӯстӣ»-и назди муҷасамаи Исомили Сомонӣ ҷалб […]



Ҳудуди 500 нафар дружиначиёни ҷавон барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар кӯчаҳои Душанбе ҷалб шудаанд.

Як манбаъ аз Коллеҷи омӯзгории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи 9-уми октябр донишҷӯёни коллеҷро ба кадом як рӯйхате шомил намуда, гуфтаанд, ки рӯзи 10-уми октябр онҳо барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар майдони «Дӯстӣ»-и назди муҷасамаи Исомили Сомонӣ ҷалб карда мешаванд.

Дар мусоҳба бо «Азия-Плюс» директори коллеҷ Ширин Қурбонова ин маълумотро рад карда, иброз дошт, ки донишҷӯёни коллеҷ субҳи 10-уми октябр дар анҷумани дружиначиён дар «Кохи Ваҳдат» ширкат варзидаанд.

«Субҳ 50 нафар донишҷӯёни коллеҷ, ки аъзои дружиначиёни ихтиёрианд, дар анҷумани дружиначиён иштирок карда, айни замон баргаштанд ва дар машғулиятҳо иштирок мекунанд, – гуфт ӯ. – Гӯё ки онҳо ба майдони «Дӯстӣ» мераванд, дурӯғи маҳз аст. Ғайр аз ин, нимаи дуюми имрӯз дар коллеҷ спартакиада мегузарад ва ҳама донишҷӯёни мо бояд он ҷо бошанд».

Сарфи назар аз ин, Қурбонова мегӯяд, ки дружиначиёни коллеҷи омӯзгорӣ метавонанд «ба чорабиниҳои муҳим ҷалб карда шаванд».

«Вақте шумори кормандони милиса нокофисту онҳо заруранд, масалан ҳангоми сарони кишварҳо бо нақлиёт ҳаракат кардан ё дар чорабиниҳои дигари бузург онҳо дар қатори кормандони сохторҳои қудратӣ меистанд. Дар бораи имрӯз дар майдони «Дӯстӣ» ба сифати дружиначиён буданашон ба мо чизе нагуфтаанд», – мегӯяд номбурда.

Дар ҳамин ҳол, корманди шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, ки ба кори дружиначиён масъул аст, ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки имрӯз аллакай 500 нафар дружиначиён дар шаҳр тақсим крада шуданд.

«Имрӯз дар Душанбе анҷумани дружиначиён доир гардида, дар он ҳудуди 500 нафар иштирок доштанд. Ҳамаи онҳоро мо ба гӯшаҳои гуногуни шаҳр тақсим кардем», – афзуд номбурда, вале аз шумори дружиначиёни ба майдони «Дӯстӣ» таъиншуда чизе нагуфт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.