Дар консерти бахшида ба 450-солагии Шекспир мусиқии Толиб Шаҳидӣ садо дод

Рӯзи 9-уми октябр дар яке аз толорҳои маъруфи шаҳри Лондон – Кадоган Холл ба муносибати 450-солагии классики ҷаҳонӣ Уилям Шекспир консерт барпо шуд. Тавре аз сафорати Тоҷикистон дар Лондон хабар доданд, барномаи консерт аз асарҳои оҳангсозони машҳур Петр Чайковский – «Увертюра-фантазия Ромео ва Ҷулетта», Сергей Прокофев – «Ромео ва Джульетта», Юрий Тер Осипов – «Консерт […]



Рӯзи 9-уми октябр дар яке аз толорҳои маъруфи шаҳри Лондон – Кадоган Холл ба муносибати 450-солагии классики ҷаҳонӣ Уилям Шекспир консерт барпо шуд.

Тавре аз сафорати Тоҷикистон дар Лондон хабар доданд, барномаи консерт аз асарҳои оҳангсозони машҳур Петр Чайковский – «Увертюра-фантазия Ромео ва Ҷулетта», Сергей Прокофев – «Ромео ва Джульетта», Юрий Тер Осипов – «Консерт барои скрипка ва оркестр», Арам Хачатурян – «Валси маскарад» иборат буд.

Дар барномаи консертии мазкур асарҳои мусиқии оҳангсози боистеъдоди тоҷик Толиб Шаҳидӣ, аз қабили романсҳои оркестр ва овозҳои сонетаи Шекспир «Devouring Time», порчаҳо аз балети «Рубоиҳои Хайём» ва ҳамчунин мусиқӣ аз операи «Комде ва Мадан», ки ба қалами оҳангсози тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ тааллуқ дорад, мақоми хоссаро касб намуданд.

Консерт бо дастгирии сафортаи Тоҷикистон дар Лондон доир гардида, миёни ҳаводорони мусиқии класссикӣ сафирони давлатҳои хориҷӣ, кормандони сафоратхонаҳо, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир ва созмонҳои байнулмилалӣ ҳузур доштанд.

«Сафири Кувайт дар Лондон ҷаноби Холид ал-Дувайсан таваҷҷуҳи шахсиашро ба фарҳанг ва эҷодиёти мардуми Тоҷикистон махсус таъкид намуд. Ба гуфтаи сафир, ӯ боре аз Тоҷикистон боздид намуда, имкон доштааст, ки шахсан бо фарҳанги ғаниву таърихи куҳани тоҷикон аз наздик ошно гардад ва ба барномаи консертии мазкур ворид шудани асарҳои Зиёдулло ва Толиб Шаҳидӣ аз намунаи барҷастаи дастовардҳои намояндагони ҳунари мусиқии Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад», – қайд мекунад сафорати ҶТ дар Лондон.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.