Боздиди президент аз ноҳияҳои Носири Хусрав ва Шаҳритӯс

Рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияҳои Носири Хусрав ва Шаҳритӯси вилояти Хатлон боздид намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сафари президент ба ноҳияи Носири Хусрав бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда, ба бунёди бинои сеошёнаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1280 хонанда дар ду баст оғоз […]



Рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияҳои Носири Хусрав ва Шаҳритӯси вилояти Хатлон боздид намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сафари президент ба ноҳияи Носири Хусрав бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда, ба бунёди бинои сеошёнаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1280 хонанда дар ду баст оғоз гардид.

Тибқи лоиҳа, мактаб аз 2 бинои таълимӣ, бинои алоҳида барои толори варзишӣ ва дигар биною иншоот иборат хоҳад буд. Ин муассисаи нави таълимӣ бо харҷи 12 миллион сомонӣ дар майдони беш аз 3 гектар дар давоми ду сол бунёд гардида, дорои 26 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла як синфхонаи компютерӣ бо 24 компютер ва дигар синфхонаҳои фаннӣ хоҳад буд.

Дар ин ҷо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии сокинон ва ҳунармандони ноҳия низ дидан кард. Дар намоишгоҳ аз ҷониби занони чирадаст намунаҳои зебои зардӯзию гулдузӣ, гилембофию қолинбофӣ ва дигар расму анъанаҳои хоси ин маҳал ба роҳбари давлат муаррифӣ карда шуд.

Дар ноҳияи Носири Хусрав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба ҷамоати деҳоти Истиқлол ташриф оварда, нахуст дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ бо дастовардҳои соҳа шинос шуд. Дар ин ҷо беш аз 35 номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар ноҳияи мазкур истеҳсол мешаванд, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ карда шуд.

Аз ноҳияи Носири Хусрав сарвари давлат ба ноҳияи Шаҳритӯс раҳсипор гардида, нахуст дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи абрешимресии Дук ширкат варзид, ки нахустин чунин корхона дар вилояти Хатлон мебошад.

Дар назди ин корхона Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони корхонаи дуюми ин соҳибкор, ки барои атласбофӣ пешбинӣ шудааст, оғоз бахшид. Тавре зикр гардид, 40 нафари дигар дар ин корхонаи атласбофӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд. Иқтидори лоиҳавии ин корхона имкон медиҳад, ки дар як басти корӣ ё худ 8 соат беш аз 500 метри мураббаъ атласи хушсифати бозоргир истеҳсол шавад.

Ҳамчунин президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияҳои Носири Хусрав ва Шаҳритӯс мулоқот кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.