Афғонистону Покистон Созишнома дар бораи арзиши транзити нерӯи барқ тариқи қаламрави Афғонистон дар доираи Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100)-ро ба имзо расониданд.
Бино ба иттилои сомонаи Департаменти давлатии ИМА, маросими имзои созишнома дар Вашингтон доир гардида, ИМА бо истиқбол аз он ба идомаи ҳамкорӣ тибқи лоиҳаи мазкур бо кишварҳои иштирокчии лоиҳа – Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон омодагӣ изҳор мекунад.
«Баъди анҷоми амалисозии лоиҳаи CASA-1000 имкон фароҳам оврада мешавад, ки дар мавсими тобистон нерӯи барқи зиёдатӣ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон интиқол дода шавад, то ки норасоии таъмини нерӯи барқ дар ин кишварҳо бартараф гардад, – омадааст дар иттилоъ. – Созишнома дар бораи арзиши транзити нерӯи барқ яке аз иқдомоти муҳими ниҳоӣ дар самти анҷоми қарордод оид ба таҳвили нерӯи барқ буда, ба мададрасони дигар ҷиҳати ба уҳда гирифтани амалисозии лоиҳа мусоидат хоҳад кард».
Санаи 27-уми марти соли 2014 Бонки ҷаҳонӣ қарз дар ҳаҷми 526,5 млн. доллари ИМА барои амалисозии лоиҳаи CASA-1000-ро маъқул шуморид, ки аз ин миқдор маблағ 316,5 млн. $ ба Афғонистон, 120 млн. $ – ба Покистон, қарз ва бурс ба маблағи умумии 45 млн. $ ба Қирғизистон ва қарз дар ҳаҷми 45 млн. $ ба Тоҷикистон ҷудо карда мешавад.
Моҳи сентябри соли равон зимни вохӯрии муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо сафири ИМА дар Тоҷикистон хонум Сюзан Эллиот дар Душанбе
масъалаҳои ҳамкории ҷонибҳо дар амалисозии лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ
, аз ҷумла лоиҳаи CASA-1000 баррасӣ шуд. Lар ҷараёни мулоқот таъкид шудааст, ки Агентӣ оид ба рушди ИМА ҷиҳати амалисозии лоиҳаи CASA-1000 ба Тоҷикистон ҳудуди 7,5 млн. ва Бонки ҷаҳонӣ – 45 млн. доллари ИМА ҷудо карда, баҳри сохтмони қитъаи тоҷикистонии лоиҳа Бонки исломии руш низ боз ҳудуди 70 млн. доллари ИМА ихтисос доданист.
Қобили зикр аст, ки дар доираи Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) Тоҷикистону Қирғизистон уҳдадор мешаванд, ки муддати 15 сол дар мавсими тобистон (аз моҳи май то сентябр) ба Покистон дар ҳаҷми 1000 МВт ва ба Афғонистон 300 МВт нерӯи барқ интиқол диҳанд, ки дар панҷ моҳ 5 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад. Аз ин ҳаҷм интиқоли 2 млрд. кВт/соат ба дӯши Қирғизистон ва 3 млрд кВт/соат нерӯи барқ ба дӯши Тоҷикистон вогузор мегардад.
Арзиши умумии лоиҳаи CASA-1000 1 млрд. доллари ИМА арзёбӣ шуда, масофаи хатҳои интиқоли барқ тибқи лоиҳа 750 километрро ташкил медиҳад.



