Аввалин доктори илмҳои тиб дар вилояти Хатлон

Аввалин доктори илмҳои тиб дар вилояти Хатлон рисолаи докториашро ҳимоя кард. Чуноне муовини сардори раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон Матлуба Шоназарова ба «Азия-Плюс» хабар дод, сардухтури беморхонаи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа ва собиқ сардори раёсати тандурустии вилояти Хатлон, ҷарроҳ Файзалӣ Назаров рӯзи 9 октябр рисолаи доктории хешро дар мавзӯи «Ҷанбаҳои тиббиву иҷтимоии эндохирургия […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+



Аввалин доктори илмҳои тиб дар вилояти Хатлон рисолаи докториашро ҳимоя кард.

Чуноне муовини сардори раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон Матлуба Шоназарова ба «Азия-Плюс» хабар дод, сардухтури беморхонаи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа ва собиқ сардори раёсати тандурустии вилояти Хатлон, ҷарроҳ Файзалӣ Назаров рӯзи 9 октябр рисолаи доктории хешро дар мавзӯи «Ҷанбаҳои тиббиву иҷтимоии эндохирургия дар ҶТ ва дурнамои рушди он дар шароитҳои нави иҷтимоиву иқтисодӣ» дифоъ кардааст.

«Бояд гуфт, Файзалӣ Назаров аввалин табибест, ки дар вилояти Хатлон ба ҳимояи рисолаи докториаш дар соҳаи тандурустии вилоят  даст ёфтааст. Айни замон боз ду нафар табибони вилоят,  сармутахассисӣ раёсати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии вилоят, мудири шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов, номзади илмҳои тиб Шералӣ Ҳодиев ва духтури бемориҳои занонаи  шуъбаи таваллуди ҳамин  беморхона номзади илмҳои тиб Хуршеда Сабурова рисолаи доктории хешро омода карда истодаанд ва дар назар аст, ки соли 2015 онро ҳимоя кунанд», – изҳор дошт хонум Шоназарова.

Зимнан зикр гардид, ки дар соҳаи тандурустии вилояти Хатлон айни замон 19 номзадҳои илм фаъолият доранд ва 4 нафар табибони дигар дар арафаи ҳимояи рисолаи номзадии худ мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.