Боздошти 2 сокини пойтахт ба гумони тасарруфи автомашина



Кормандони милиса ду сокини пойтахт – Баҳрулло Неъматови 37-сола ва Тоҷиддин Неъматови 19-соларо ба гумони даст доштан дар ғорат ва тасарруфи автомашина боздошт намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, шаби 18-уми октябр дар кӯчаи Дӯстии халқҳои пойтахт шахсони номаълум бо роҳи зӯроварӣ ва истифода аз корд ба сокини пойтахт Рустам Азимови 53-сола таҳдид намуда, дасту пояш ва даҳонашро бо скотч мебанданд ва автомашинаи шахсиаш тамғаи «Опел-Астра»-ро тасарруф намуда, ба самти номаълум ғайб мезананд.

«Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят  шаҳрвандони дар боло зикршуда дастгир карда шуданд», – омадааст дар маълумоти ВКД ҶТ.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное