Боздошти 2 сокини пойтахт ба гумони тасарруфи автомашина

Кормандони милиса ду сокини пойтахт – Баҳрулло Неъматови 37-сола ва Тоҷиддин Неъматови 19-соларо ба гумони даст доштан дар ғорат ва тасарруфи автомашина боздошт намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, шаби 18-уми октябр дар кӯчаи Дӯстии халқҳои пойтахт шахсони номаълум бо роҳи зӯроварӣ ва истифода аз корд ба сокини пойтахт Рустам Азимови 53-сола таҳдид […]

ASIA-Plus



Кормандони милиса ду сокини пойтахт – Баҳрулло Неъматови 37-сола ва Тоҷиддин Неъматови 19-соларо ба гумони даст доштан дар ғорат ва тасарруфи автомашина боздошт намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, шаби 18-уми октябр дар кӯчаи Дӯстии халқҳои пойтахт шахсони номаълум бо роҳи зӯроварӣ ва истифода аз корд ба сокини пойтахт Рустам Азимови 53-сола таҳдид намуда, дасту пояш ва даҳонашро бо скотч мебанданд ва автомашинаи шахсиаш тамғаи «Опел-Астра»-ро тасарруф намуда, ба самти номаълум ғайб мезананд.

«Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят  шаҳрвандони дар боло зикршуда дастгир карда шуданд», – омадааст дар маълумоти ВКД ҶТ.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.