Мулоқоти С.Аслов бо директори Дафтари минтақавии СУТ ва шоҳбонуи Дания

Нимаи дуюми рӯзи 23 октябри соли ҷорӣ вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо директори Дафтари минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Жужанна Якаб ва Улёҳазрат, ҳамсари Валиаҳди Дания Мэри, ки сарпарасти Дафтари минтақавии аврупоии СУТ мебошад, баргузор гардид.  Бино ба маълумоти департаменти иттилоооти ВКХ Тоҷикистон, дар рафти мулоқот оид ба масъалаҳои мубрами […]

ASIA-Plus



Нимаи дуюми рӯзи 23 октябри соли ҷорӣ вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо директори Дафтари минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Жужанна Якаб ва Улёҳазрат, ҳамсари Валиаҳди Дания Мэри, ки сарпарасти Дафтари минтақавии аврупоии СУТ мебошад, баргузор гардид. 

Бино ба маълумоти департаменти иттилоооти ВКХ Тоҷикистон, дар рафти мулоқот оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону СУТ, рафти татбиқи барномаву лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла дар бахшҳои ҳифзи модар ва кӯдак, иммунизатсия, пешгирии бемориҳо ва дигар мавзӯъҳо табодули назар сурат гирифт.

Гуфта мешавад, зимни суҳбат Жужанна Якаб кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти густариши соҳаи тандурустӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои судманд бо Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ баланд арзёбӣ намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.