Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати солгарди иди миллии Туркманистон ба президенти ин кишвар Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов барқияи табрикӣ ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотӣ таъкид мешавад, ки дар Тоҷикистон ба муносибатҳои дуҷониба миёни кишварҳои мо эҳтироми беандоза қоиланду нисбат ба он аҳамияти самимӣ, дӯстона ва пурмазмун зоҳир менамоянд ва ҳамкорӣ бо Туркманистон имрӯз дар стратегияи сиёсати берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи афзалиятнок дорад.
«Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон бо шарофати кӯшишҳои муштараки мо имрӯз бо рушди муназзам чӣ дар шакли дуҷониба ва чӣ дар шакли бисёрҷониба тавсиф мегарданд. Барои афзун кардани ҳамкориҳо аз рӯи тамоми самтҳо заминаи ҳуқуқии ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст», – омадааст дар барқия.
Дар барқия Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон мекунад, ки бо кӯшишҳои муштарак ин имкониятҳои пуриқтидорро пурра татбиқ намуда, ба ҳадафҳои мусбати гузошташуда ба манфиати ояндаи босубот ва дурахшони кишварҳо ва дар маҷмӯъ, дар минтақа шарафёб хоҳем гашт. «Шуморо ба он бовар мекунонам, ки мо аз ҷониби худ тамоми ҷидду ҷаҳдамонро ба он равона месозем, ки муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон ба манфиати мардумонамон мо рушду таҳким ёбанд», – баён мегардад дар барқия.



