Баррасии масоили ҳамкории минтақавӣ миёни Тоҷикистону Фаронса



Рӯзи 27 октябри соли 2014 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода бо муовини директори Раёсати Вазорати корҳои хориҷии Фаронса хонум Виолан де Вилмер барпо гардид.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар вохӯрӣ сафири Фаронса дар Душанбе Дидие Леруа низ иштирок намуд.

Гуфта мешавад, дар вохӯрӣ тарафайн доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Фаронса ва инчунин ҳамкориҳои минтақавӣ ва вазъ дар Афғонистонро муҳокима намуданд.

spot_imgspot_img

Популярное