ҲХДТ: Ифтихор аз нуфузи пешвоямонро касе ба мо манъ намекунад

 – Муроҷиати раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров ба президенти мамлакат, пешвои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба аз ҷониби ӯ роҳ надодан ба ҷойгир кардани аксҳояш дар шиору лавҳаҳои пешазинтихоботии ҳизб, қабл аз ҳама як навъ воситаи таблиғ (пиар)-и худи раиси ҲСДТ пеш аз интихоботи парлумонӣ мебошад, – мутмаин аст Усмон Солеҳ, […]

Аваз Юлдошев



 – Муроҷиати раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров ба президенти мамлакат, пешвои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба аз ҷониби ӯ роҳ надодан ба ҷойгир кардани аксҳояш дар шиору лавҳаҳои пешазинтихоботии ҳизб, қабл аз ҳама як навъ воситаи таблиғ (пиар)-и худи раиси ҲСДТ пеш аз интихоботи парлумонӣ мебошад, – мутмаин аст Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ.

«Ифтихор аз нуфузи пешвоямон Эмомалӣ Раҳмонро ҳеҷ касеву ҳеҷ қонуне ба мо манъ намекунад», – иброз дошт ӯ дар мусоҳиба бо хабарнигори «Азия-Плюс» дар шарҳи

муроҷиати раиси ҲСДТ ба президент.

Намояндаи ҲХДТ хотиррасон намуд, ки худи Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба ба мансабдорони ҳизбӣ муроҷиат кардааст, ки зимни баргузории чорабиниҳои сирф ҳизбӣ аз номи ӯ камтар истифода кунанд. «Пешвои мо ҳеҷ гоҳ чунин таблиғотро хуш надорад», – қайд кард Усмон Солеҳ.

Дар идома ӯ зикр кард, ки мутобиқи меъёрҳои қонунгузории ҷумҳурӣ ва дастурҳои шахсии Эмомалӣ Раҳмон, зимни баргузории чорабиниҳои пешазинтихоботӣ истифода аз механизмҳои идоракунии давлатӣ манъ шудааст. «Ҳизби мо ва ҳар як номзад аз он тибқи барномаҳои пешазинтихоботии худ дар интихобот ширкат меварзанд, ки ба эътиқоди мо, омили асосии ҷалби овозҳои интихобкунандагон аст», – таъкид дошт номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.