Норасоии таваққуфгоҳу терминалҳо дар шаҳри Қӯрғонтеппа аз иллатҳои аслии роҳбандон ва ҷойгирсозии бенизоми нақлиёт дар атрофи бозорҳо маҳсуб меёбад.
Муҳаммад Туғонов, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, вазъи хизматрасонии нақлиёти мусофиркаш, аз ҷумла, таксиҳо ӯро қонеъ намесозад. «Ҳамин ки аз бозор баромадӣ, доду войи ронандаҳои таксӣ «як кас Тетс», «як кас вокзал» ва ғайраҳо асабатро хароб мекунад. Мошинҳои худро болои хатҳои пиёдагард гузошта, анбӯҳи ронандаҳо роҳравро банд мекунанд. Садои баландашон мардумро нороҳат месозад. Касе ба онҳо кор надорад, на кормандони БДА, на дигарон, гуё чунин рафтори онҳо қабул бошад. Хуб мебуд, агар ҳамин таксиҳоро ба тартиб медароварданд ва ё ҳамон мошинҳои “Мерседес”-ро зиёдтар мекарданду дар як ҷойи муаяйн меистоданд. Касе куҷое рафтанӣ бошад, дар маршрути худаш мешинад, бе ягон доду войи зиёдатӣ. Таксиҳо агар ду сомонӣ гиранд, маршруткаҳо як сомонӣ мегиранд, мардум худаш интихоб мекунад, ки дар таксӣ равад ё дар маршрутка”, – мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
“Ман бисёр ба Русия меравам, он ҷо, бовар кунед, ҳама ба як тартиби муаяйн аст. Агар берун аз шаҳр рафтани бошӣ, аз автовокзал билет гирифта, дар автобус шишта меравӣ. Ин шевае, ки дар мо ҳаст, дар ягон ҷо нест. Агар раҳбарони шаҳр мардумро аз ҳамин доду войи ронандаҳо, ки асабошона хароб мекунад, халос мекарданд, кори савобе мешуд», – афзуд Туғонов.
Дар робита ба ин вазъият Абдулло Давлатов, сардори шуъбаи Қӯрғонтеппа, Сарбанд, Бохтар ва Вахши Раёсати давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти вилояти Хатлон мегӯяд, сабабҳои аслии танбашавии васоити нақлиёт дар ҷодаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа, аз ҷумла, дар назди бозорҳо, набудани таваққуфгоҳҳо ва ҳам бемасъулиятии кормандони терминалу ҷамъиятҳоест, ки ба мусофиркашонӣ сари кор доранд.
Дар назди бозори марказии «Фаровон»-и шаҳри Қӯрғонтеппа терминалҳои Нурафкан, Шариф, Қӯрғонтеппатранс фаъолият мекунанд, вале онҳо тавони танзими ҳамаи воситаҳои нақлиёти мусофиркашро надоранд.
Истгоҳи ниҳоии мусофиркашҳои 6 хатсайри дохилӣ ва 28 хатсайр аз навоҳии атрофи шаҳр дар назди бозорҳои “Фаровон” ва “Ҳоҷӣ Шариф”-и шаҳри Қӯрғонтеппа аст. Хатсайрҳои мазкур бо қарори раиси шаҳр ва Корхонаи фаръии давлатии нақлиёти автомобилӣ ва логистикаи минтақаи Қӯрғонтеппа ба ҷамъиятҳои нақлиётӣ вобаста карда шудаанд ва наздик ба 80 дарсади васоити нақлиёти мусофиркаш ба ин ҷамъиятҳо шомиланд. Айни замон дар шаҳри Қӯрғонтеппа 6 ҷамъият – “Хатлонтранс”, “Успех”-и шаҳри Сарбанд, “Мусофирбар”, “Қӯрғонтеппатранс”, “Восток” ва “Тоҷикистони зебонманзар” фаъолият доранд.
Дар воқеъ, аз сӯйи ҷамъиятҳои масъули назорати хатсайрҳо барои ба тартиб даровардан ва ҷосозии васоити нақлиёт тадбирҳои зарурӣ андешида намешавад. Кормандони ин ҷамъиятҳо дар ҳар ҷое, ки нақлиёт бозистод, ҳаққи таваққуфро аз ронандагони онҳо мегиранд, ки ин берун аз доираи тартибу низом аст.
Алишер Баротов, сардори шуъбаи ҳамлу нақли Корхонаи фаръии давлатии нақлиёти автомобилӣ ва логистикаи минтақаи Қӯрғонтеппа низ бо мавқеи Абдулло Давлатов мувофиқ буда, мегӯяд, мушкили роҳбандон чанд ҷанба дорад, ки яке аз онҳо набудани таваққуфгоҳҳо аст. “Ҳоло, агар мо фаъолияти воситаҳои нақлиёти хурд, яъне таксиҳоро мамнӯъ кунем, чӣ қадар одам бекор мемонад. Онҳо ҷойи кори дигар надоранд ва ба воситаи таксӣ зиндагиашонро пеш мебаранд. Тасаввур кунед, ки агар онҳо бекор монанд, шояд барои пешбурди рӯзгорашон даст ба ҷиноят зананд”, – таъкид кард Баротов.
Ба гуфтаи ӯ, ҳар сохтмоне, ки анҷом мешавад, мувофиқи қонунҳои шаҳрсозӣ бояд таваққуфгоҳ дошта бошад. “Агар коргоҳе барои 10 нафар ҷойи корӣ ташкил кунад, камаш бояд барои 7 воситаи нақлиёт таваққуфгоҳ бисозад. Бозори марказии шаҳр таваққуфгоҳ надорад. Кормандону фурӯшандагони бозор, ки теъдодашон ба ҳазорон нафар мерасад, субҳ мошинҳояшонро дар шафати роҳ мегузоранду танҳо бегоҳ аз он ҷо мегиранд. Ин ҳам ҳаракати воситаҳои нақлиётро мушкил месозад. Аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа хатсайрҳо ба ҷамъиятҳо вобаста шудаанд ва онҳо вазифадоранд, ки хизматрасониро ба низом дароранд. Аммо шумори воситаҳои нақлиёт хеле зиёд аст. Дар ҳар хатсайр ҳаракати 20 ё 30 воситаи нақлиёти мусофирбар ба нақша гирифта шудааст, вале баъд аз бозрасӣ маълум кардем, ки дар ин хатсайрҳо 50-60 адад нақлиёти мусофиркаш ҳаракат мекунанд ва терминалҳо ғунҷоиши ҳамаи онҳоро надоранд. Ин аст, ки дар гирду атрофи бозорҳо танбашавӣ ва бенизомӣ ба вуҷуд меояд”, – афзуд Алишер Баротов.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Файзулло Баротов, муовини аввали раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои танзими вазъи мусофиркашонӣ дар хатсайрҳои дохилӣ чораҳои зарурӣ меандешанд. Ба қавли ӯ, мақомот дар ҳамдастӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ ба шаҳр беш аз 40 адад микроавтобуси навъи “Мерседес” ворид кардаанд. Ин микроавтобусҳо феълан дар хатсайрҳои дохилӣ ҳаракат мекунанд.
«Дар хатсайри бозори “Фаровон” – терминали Сафари-К феълан 8 адад микроавтобус, дар хатсайри дуюм Фаровон – бозори НИХИ 10 адад, бозори Фаровон – Кривой дом 6 адад, Фаровон – бозори Ҳоҷӣ Шариф 20 адад микроавтобус ба мардум хизмат мерасонанд. Ба ғайр аз микроавтобусҳо, дар ҳар кадоме аз ин хатсайрҳо беш аз 20 адад таксӣ низ ба мусофрон хизмат мерасонанд”, – иттилоъ дод Баротов.
“Мутаассифона, камбудиҳо ҷой доранд. Ин ҷо аз бемасъулиятии кормандони шуъбаи БДА дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақа, қисме аз воситаҳои нақлиёт бе ягон ҳуҷҷати иҷозатдиҳанда ба мусофиркашонӣ машғуланд. Бозрасии мо дар даромадгоҳҳои шаҳр нишон дод, ки дар як соат ҳудуди 2 ҳазор воситаи нақлиёт вориди шаҳр шудааст. Ба ҷуз ин, аксарияти кормандони ташкилоту идораҳои вилоятию шаҳрӣ, соҳибкорон бо воситаҳои нақлиёти худ ба кор меоянд. Ин танбашавию бенизомиро дар атрофи бозорҳо ба вуҷуд меорад. Мо ба хотири як андоза ба низом даровардани воситаҳои нақлиёти мусофиркаш, дар кӯчаи Мирзоқодирова як терминали нав – “Қӯрғонтеппатранс”-ро ташкил карда, хатсайрҳои гирду атрофи шаҳр ва ноҳияҳои наздикро ба он вобаста намудем. Аммо аз хунукназарии кормандони БДА-и шаҳр ва нозирони хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, қисме аз воситаҳои нақлиёт берун аз терминал, дар канори роҳ истода, мусофир мегиранд, ки ин ҳаракати мошинҳоро мушкил месозад», – гуфт муовини аввали раиси шаҳри Қӯрғонтеппа.
Наим Назаров, як соҳибкори маҳаллӣ, ки 40 микроавтобусро ба хатсайрҳои дохили шаҳр ворид кардааст, мегӯяд, дар чанд хатсайре, ки ба онҳо вобаста шудааст, ҳаракати мусофиркашҳо таҳти назорати қатъӣ қарор дорад. “Мо дар тамоми микроавтобусҳо рақамҳои телефони худро гузоштаем ва дар сурати ворид шудани арзу шикояти мусофирон дар мавриди дағалӣ ва дигар амалаҳои нодурусти ронандагонамон, чораҳои зарурӣ меандешем. Агар хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, БДА ва дигар сохторҳои давлатии шаҳр моро дастгирӣ намоянд, ба тадриҷ шумори микроавтобусҳои замонавиро афзоиш дода, сатҳи хизматрасониро дар хатсайрҳои дохили шаҳр ба дараҷаи лозим мерасонем ва ҳам нархи роҳкироро поин мебарем”, – афзуд Назаров.



