Боздошти қочоқбари афғон дар доираи амалиёти муштараки мақомоти Тоҷикистону Чин

Дар доираи амалисозии амалиёти муштарак оид ба мубориза бо ҷиноятҳои мухаддиротии фаромиллӣ  байни АНМН ҶТ ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ кӯшиши интиқоли маводи нашъаовар ба ҳудуди вилоят пешгирӣ карда шуд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар […]

ASIA-Plus



Дар доираи амалисозии амалиёти муштарак оид ба мубориза бо ҷиноятҳои мухаддиротии фаромиллӣ  байни АНМН ҶТ ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ кӯшиши интиқоли маводи нашъаовар ба ҳудуди вилоят пешгирӣ карда шуд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар рафти амалисозии хабари оперативӣ дар ҳудуди деҳаи Андароби ноҳияи Ишкошим шаҳрванди 20- солаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дастгир гардид. Дар вақти дастгиршавӣ аз ӯ як халтаи полиэтиленӣ, ки дар дарунаш 12-адад маводи китобшакли ҷигариранг бо бӯйи махсус ёфт ва мусодира гардид.

«Лабораторияи ташхиси судии РАНМН дар ВМКБ муайян кард, ки маводи мусодирашуда навъи ҳашиш буда, вазни он 5 килоро ташкил медиҳад», – омадааст дар хабари Агентӣ.

Гуфта мешавад, аз рӯи ҳодисаи мазкур нисбати дастгиршуда бо моддаҳои 335 қ.2., 289 қ.2 ва 200 қ.3 (ғайриқонунӣ гузаштан аз Сарҳади давлатӣ, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, дастгиршуда ба тавқифгоҳи мувваққатии Раёсат ворид карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон гурӯҳи тафтишотӣ-оперативии АНМН ҷиҳати муайян кардани дигар шахсони аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин ҷиноят марбут чораҳои зарурӣ меандешад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.