Рӯйхати хеле навшудаи номзадҳои ҲХДТ дар интихоботи парлумонӣ

Дар интихоботи моҳи феврали соли оянда пешбинишуда ба палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ният дорад, ки бештар ҷавонононеро, ки аз ҳизб ҷонибдорӣ мекунанд, ба номзадӣ пешбарӣ намояд. Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки феълан лоиҳаи рӯйхати номзадҳо аз […]

Аваз Юлдошев



Дар интихоботи моҳи феврали соли оянда пешбинишуда ба палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ният дорад, ки бештар ҷавонононеро, ки аз ҳизб ҷонибдорӣ мекунанд, ба номзадӣ пешбарӣ намояд.

Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки феълан лоиҳаи рӯйхати номзадҳо аз ҲХДТ ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон омода шуда, дар марҳилаи мувофиқасозӣ бо пешвои ҳизб Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

«Танҳо гуфта метавонам, ки дар муқоиса бо интихоботи парлумонии соли 2010 ҳизби мо ба маъракаи интихобот ба парлумони нав рӯйхати хеле навшударо пешниҳод хоҳад кард», – таъкид дошт ӯ.

Номбурда ҳамчунин хотиррасон кард, ки ҲХДТ ба рӯйхати ҳизбӣ ҳамчунин афроди ғайриҳизбиеро, ки аз сиёсати пешвои ҳизб Эмомалӣ Раҳмон фаъолона ҷонибдорӣ мекунанд, низ шомил карда метавонад.

Зимнан зикр гардид, ки дар кори анҷумани навбатии XII-уми Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки санаи 13-уми декабр дар «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт доир мегардад, беш аз 1 ҳазор 200 нафар вакилон аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон иштирок мекунанд.  Дар анҷуман ба ҷуз эълони рӯйхати ҳизбӣ барои иштирок дар интихоботи парлумонӣ, ҳамчунин аз фаъолияти 20-солаи ҳизб низ натиҷагирӣ мешавад.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 10-уми декабри соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он ҳудуди 250 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст, ки 41 нафарашон аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ ва 22 нафар вакил тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ интихоб мешаванд.

То имрӯз ҳамаи 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон санаи баргузории анҷуманҳои пешазинтихоботии худро муайян карданд. Анҷуманҳои пеш аз интихоботро Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – 13-уми декабр, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон – 27-уми декабр, Ҳизби сотсиалист – 17-уми декабр, Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон – 10-уми декабр, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон – 16-уми декабр, Ҳизби аграрии Тоҷикистон – 18-уми декабр, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – 13-уми декабр ва Ҳизби демократии Тоҷикистон – 20-уми декабр баргузор мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.