Тоҷире аз Душанбе дар лотерея автомашинаи «Мерседес-Бенс» бурд кард

Date:



Сокини Душанбе Баҳриддин Назаров ҷоизаи асосӣ дар бозии лотерея баъди вохӯрии финалӣ барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон – автомашинаи тамғаи «Мерселес-Бенс»-ро бурд кард. Бозӣ рӯзи якшанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ миёнаи дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода доир гардида, бо ғалабаи дастаи «Истиқлол» бо ҳисоби 5 бар 2 анҷом ёфт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, баъди анҷоми вохӯрӣ аз рӯйи билетҳои воридшавӣ бозии лотерея гузаронида шуда, донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Комил Аминов соҳиби тӯби «Бразука»-и ширкати «Adidas», сокини пойтахт Беҳрӯз Додоҷонов соҳиби телевизионӣ плазмавӣ гардида, ҷоизаи асосии бозии лотерея – автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» насиби фурӯшандае аз Душанбе, мухлиси тими «Истиқлол» Баҳриддин Назаров шудааст.

Гуфта мешавад, соҳиби хуштолеъи автомашина гуфтааст, ҳуҷҷати иҷозати ронандагӣ дорад ва сари чамбараки автомашина нишаста, як дафъа гирди варзишгоҳ бо автомашина чарх мезанад ва сипас бо автомашинаи нав ба манзилаш раҳсипор шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...