Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ имрӯз, 3-юми декабр дар ҷамъи журналистон изҳор намуд, ки масъалаи пешниҳоди аризаи даъвогӣ нисбати
Академияи илмҳои Тоҷикистон
рӯзҳои наздик дар Шӯрои сиёсии ҳизб ҳал мешавад.
Ба гуфтаи раиси ҲНИТ, шахсан ӯ муқобили пешниҳоди аризаи даъввогӣ нисбати Академияи илмҳо аст, вале ин масъаларо Шӯрои сиёсии ҳизб ҳал мекунад. «Академияи илмҳо ибодатгоҳи илм аст ва мо ба ин сохтор эҳтиром дошта, аммо шояд он ҷо шахсони тасодуфӣ роҳ ёфтаанд, ки аз қонунгузории кишвар огаҳӣ надоранд, шахсият ва одамонро бо мақсадҳои сиёсӣ таҳқир мекунанд», – иброз дошт Кабирӣ.
Кабирӣ ҳамчунин зикр кард, ки то ҳол мақомоти шаҳрдории Душанбе ба мактуби ӯ оид ба мусоидат ҷиҳати пешниҳоди толор барои баргузории анҷумани пешазинтихоботии ҳизб посух надодаанд. «Эҳтимол анҷуман дар дафтари кории ҳизб баргузор шавад», – гуфт раиси ҳизб.
Раиси ҲНИТ ҳамчунин изҳори умедворӣ намуд, ки дар интихоботи парлумонӣ ҲНИТ ба на камтар аз 5 курсии вакилӣ соҳиб шуда, дар парлумон фраксияи худро таъсис медиҳад.



