Муҷассамасози тоҷик тарҳи нахустин нимпайкара (бюст)-и президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро омода кард. Нимпайкараи 40-сантиметра аз санги мармар сохта шуда, муаллифаш Алиҷон Бобошарипов мебошад, ки рӯйи омодасозии ин тарҳ муддати ним сол кор кардааст.
Роҳбари Бунёди мусаввирони Тоҷикистон Олимхон Рабиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин нимпайкараи Қаҳрамони миллии Тоҷикистонро онҳо ба Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ тақдим карданианд, то ки он дар толори махсуси осорхона, ки дар он туҳфаҳо ба сарвари давлати Тоҷикистон ҷойгиранд, ба маърази тамошо гузошта шавад.
«Аз ин рӯ, мо ба раҳбарияти Осорхонаи миллӣ бо чунин пешниҳод муроҷиат кардем, вале то ҳол аз онҳо дар ин бора посух нарасидааст», – иброз дошт Олимхон Рабиев ва илова намуд, ки Бунёди мусаввирон барои омода намудани нимпайкараи сарвари давлат фармоишҳо қабул мекунад.



