Ҷаласаи солонаи Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон

Рӯзи 12-уми декабри соли равон дар толори меҳмонхонаи «Тоҷикистон»  ҷаласаи солонаи Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ба кор шурӯъ мекунад. Дар иттилоияи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон дар ин робита зикр мегардад, ки дар ҷаласа мушкилоти имрӯзаи умдаи ВАО ва мавқеъу нақши Шӯро дар ҳалли он, риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқи касбӣ дар ВАО, ҳамкориҳои идораҳои ВАО […]

ASIA-Plus



Рӯзи 12-уми декабри соли равон дар толори меҳмонхонаи «Тоҷикистон»  ҷаласаи солонаи Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ба кор шурӯъ мекунад.

Дар иттилоияи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон дар ин робита зикр мегардад, ки дар ҷаласа мушкилоти имрӯзаи умдаи ВАО ва мавқеъу нақши Шӯро дар ҳалли он, риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқи касбӣ дар ВАО, ҳамкориҳои идораҳои ВАО ва муассисаҳои таҳсилоти олии журналистӣ баррасӣ мешаванд.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа наздики 60 вакил, инчунин меҳмонон аз мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, сафорату созмонҳои хориҷии муқими Тоҷикистон, намояндагони ВАО иштирок мекунанд.

Дар бахши аввали ҷаласа бар асоси маърӯзаҳои «Масъалаҳои риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ  ва ахлоқи касбӣ дар ВАО (Қаршибоев Нуриддин, раиси Анҷумани миллии Воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон) ва «Муаммоҳои рушди касбияти кормандони ВАО-и Тоҷикистон (Гулов Сангин, мудири Кафедраи журналистикаи байналхалқии факултети журналистикаи ДМТ, дотсент), таҳия ва қабули Тавсияҳо ба хотири риояи бемайлони меъёрҳои ҳуқуқӣ  ва ахлоқи касбӣ ва рушди касбияти кормандони ВАО-и Тоҷикистон дар назар аст.

Дар Барномаи ҷаласа ҳамчунин муҳокима ва қабули ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Ойинномаи Шӯрои ВАО-и ҶТ низ пешбинӣ шудааст.

Дар бахши дуюми ҷаласаи солонаи Шӯрои ВАО-и ҶТ, вакилон Ҳисоботи Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон (Шарифзода Қироншоҳ – раиси Шӯрои ВАО-и ҶТ) ва Ҳисоботи Комиссияи ҳисоби Шӯрои ВАО-и ҶТ (Мараимов Раҷабалӣ, раиси Комиссияи ҳисоби Шӯрои ВАО-и ҶТ)-ро баррасӣ карда, ҳайати нави Шӯрои ВАО-и ҶТ-ро интихоб менамоянд.

Шӯрои ВАО-и ҶТ созмони ҷамъиятӣ буда, баҳри татбиқи санади «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон», ки ҷомеаи журналистони Тоҷикистон 30 октябри соли 2009 қабул намудааст, таъсис дода шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.