Анҷумани пешазинтихоботии ҲНИТ дар дафтари кори ҳизб доир мегардад

Анҷумани санаи 16-уми декабр пешбинишудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар дафтари кории ҳизб дар пойтахт доир мегардад. Муовини раиси ҲНИТ, роҳбари ситоди пешазинтихоботии ҳизб Маҳмадалии Ҳайит ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки то ҳанӯз мақомоти шаҳрдории Душанбе ба дархости хаттии раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ ҷиҳати мусоидат ба ҷудо […]

ASIA-Plus



Анҷумани санаи 16-уми декабр пешбинишудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар дафтари кории ҳизб дар пойтахт доир мегардад.

Муовини раиси ҲНИТ, роҳбари ситоди пешазинтихоботии ҳизб Маҳмадалии Ҳайит ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки то ҳанӯз мақомоти шаҳрдории Душанбе ба дархости хаттии раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ ҷиҳати мусоидат ба ҷудо кардани толор барои баргузории анҷумани пешазинтихоботии ҳизб посух надодааст.

«Мутобиқи моддаи 15-и қонуни Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», мо барои ҷудо кардани толори муносиб барои баргузор намудани анҷумани пешазинтихоботӣ, ки дар кори он беш аз 500 нафар вакилони аллакай интихобшуда ва ҳудуди 200 нафар меҳмонон ва намояндагони ВАО иштирок мекунанд, мусоидат дархост намудем», – гуфт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки дар анҷуман рӯйхати ҳизбии ҲНИТ иборат аз 20 нафар номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон эълон хоҳад шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.