Нахуствазири ҷумҳурӣ аз Остона боздид мекунад

Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар кори ҷаласаи навбатии нахуствазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкори Шанхай, ки рӯзҳои 14-15-уми декабр дар шаҳри Остона баргузор мешавад, иштирок мекунад. Бино ба иттилои як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ, дар ҷаласаи мазкур дурнамои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ миёни кишварҳои узви СҲШ баррасӣ шуда, ҳамчунин тадбирҳои аввалиндараҷа оид ба густариши бештари […]

Аваз Юлдошев



Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар кори ҷаласаи навбатии нахуствазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкори Шанхай, ки рӯзҳои 14-15-уми декабр дар шаҳри Остона баргузор мешавад, иштирок мекунад.

Бино ба иттилои як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ, дар ҷаласаи мазкур дурнамои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ миёни кишварҳои узви СҲШ баррасӣ шуда, ҳамчунин тадбирҳои аввалиндараҷа оид ба густариши бештари ҳамкориҳои мутақобила бо назардошти тағйирот дар иқтисоди глобалии минтақа мувофиқа мешаванд.

Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа баёнияи муштарак ва қарорҳо дар бораи ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти СҲШ, аз ҷумла оид ба тасдиқи буҷет барои соли 2015 ва ворид намудани тағйирот ба Қоидаҳои молиявӣ қабул мешаванд. Ҳамчунин имзои санадҳо дар бораи густариши ҳамкорӣ миёни хадамотҳои гумруки созмон омода мешавад.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҳошияи кори ҷаласа дидору гуфтушунидҳои Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои ҳузурдошта дар ин ҷаласа дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.