Шукурҷон Зуҳуровро дар Теҳрон «меъмори дӯстӣ»-и ду халқи бародар ном мебаранд

Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров имрӯз сафири тозатаъини Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатулло Фағониро бо дархости ӯ ба ҳузур пазируфт. Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҶТ Муҳамаадато Султонов хабар дод, дар мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои парлумонҳои ҳарду кишвар ва амалисозии пурсамари беш аз 100 созишномаҳои байнидавлатии аз ҷониби Теҳрону Душанбе дар давраи 20 […]

Аваз Юлдошев



Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров имрӯз сафири тозатаъини Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатулло Фағониро бо дархости ӯ ба ҳузур пазируфт.

Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҶТ Муҳамаадато Султонов хабар дод, дар мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои парлумонҳои ҳарду кишвар ва амалисозии пурсамари беш аз 100 созишномаҳои байнидавлатии аз ҷониби Теҳрону Душанбе дар давраи 20 соли ахир баимзорасида баррасӣ шуданд.

Ш.Зуҳуров изҳори итминон кард, ки сафири нави Эрон дар Тоҷикистон ба таҳкими ҳарчи бештари робитаҳои ду кишвари бародар дар тамоми соҳаҳо мусоидат хоҳад кард.

Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки ҳаҷми муомилоти молӣ миёни кишварҳо, ки дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 300 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ба тақозои замона ҷавобгӯ нест.

«Дипломати эронӣ зикр кард, ки раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистонро дар доираҳои расмии Теҳрон «меъмори дӯстӣ»-и ду халқи бародар ном мебаранд, – таъкид кард Султонов. – Ҳ.Фағонӣ ба Ш.Зуҳуров итминон дод, ки барои боз ҳам дар сатҳи баландтар роҳандозӣ намудани муносибатҳои Теҳрону Душанбе аз тамоми имконоти вобаста ба ӯ истифода хоҳад кард».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.