Истиқболи Шабдолов аз ҷудошавии маблағ ба ҳизбҳо аз буҷет барои интихобот

– Тамоми аҳзоби сиёсии ҷумҳурӣ аз нияти ҳукуматдорон бобати ҷудо кардани маблағ аз буҷети давлатӣ барои баргузории маъракаи интихоботӣ ба онҳо истиқбол мекунанд, – гуфт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Шодӣ Шабдолов. Ба гуфтаи вай, ҳукумати Тоҷикистон бори нахуст сари чунин қарор омадааст. «Мо, коммунистон чандин сол инро […]

ASIA-Plus



– Тамоми аҳзоби сиёсии ҷумҳурӣ аз нияти ҳукуматдорон бобати ҷудо кардани маблағ аз буҷети давлатӣ барои баргузории маъракаи интихоботӣ ба онҳо истиқбол мекунанд, – гуфт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Шодӣ Шабдолов.

Ба гуфтаи вай, ҳукумати Тоҷикистон бори нахуст сари чунин қарор омадааст. «Мо, коммунистон чандин сол инро мегуфтем, вале садои моро намешуниданд, – мегӯяд Шабдолов. – Аз начандон зиёд ҷудо шудани маблағ аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои ин мо гиламанд нестем, вале худи ин далел аз ниятҳои неки ҳукумати ҷумҳурӣ гувоҳӣ медиҳад».

Раиси ҲКТ таъкид намуд, ки тибқи маълумоти дастрас ба ӯ, барои маъракаи интихоботии ба санаи 1-уми март таъиншуда ба ҳар кадоме аз аҳзоби сиёсӣ аз буҷети давлатӣ 10 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мегардад.

Ёдрас мекунем, ки раиси дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода имрӯз

дар ин робита изҳор кард

, ки барои баргузории интихобот ба палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки ба санаи 1-уми марти соли оянда таъин шудаанд, аз буҷети давлатӣ 10 млн. сомонӣ (1,9 млн. доллари ИМА) маблағ ҷудо карда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.