Намояндагони тамоми аҳзоби сиёсӣ дар ҳайати комиссияи интихоботии пойтахт

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев имрӯз ҷаласаи фаврии Маҷлиси вакилони халқи пойтахтро баргузор намуд. Тавре котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, дар иҷлосия оид ба таъсиси 70 ҳавзаи интихоботӣ дар қаламрави шаҳр барои интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи пойтахт қарор қабул шуд. Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин комиссияи шаҳрӣ оид ба интихоботи […]

Аваз Юлдошев



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев имрӯз ҷаласаи фаврии Маҷлиси вакилони халқи пойтахтро баргузор намуд.

Тавре котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, дар иҷлосия оид ба таъсиси 70 ҳавзаи интихоботӣ дар қаламрави шаҳр барои интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи пойтахт қарор қабул шуд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин комиссияи шаҳрӣ оид ба интихоботи вакилони маҷлиси пойтахт таъсис дода шуд, ки намояндагони тамоми аҳзоби сиёсии ҷумҳурӣ ба ҳайати он шомил гардиданд. «Раҳбарии комиссияи интихоботии пойтахт ба дӯши собиқ муовини раиси шаҳри Душанбе Санавбар Раҳимова вогузор гардид», – қайд кард Саидов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.