Эътимодномаи сафири нави Тоҷикистон ба шоҳзодаи Арабистони Саудӣ

Рӯзи 11-уми декабри соли равон сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Азамшо Шарифӣ нусхаи Эътимодномаи худро ба муовини аввали вазири корҳои хориҷии ин кишвар шоҳзода Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Абдулазиз супорид. Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ҷараёни суҳбате, ки пас аз тақдими нусхаи Эътимоднома баргузор гардид, масъалаҳои марбут ба таҳким […]

ASIA-Plus



Рӯзи 11-уми декабри соли равон сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Азамшо Шарифӣ нусхаи Эътимодномаи худро ба муовини аввали вазири корҳои хориҷии ин кишвар шоҳзода Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Абдулазиз супорид.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ҷараёни суҳбате, ки пас аз тақдими нусхаи Эътимоднома баргузор гардид, масъалаҳои марбут ба таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар арсаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, шоҳзода Абдулазиз бо ишора ба сатҳи баланди робитаҳои сиёсии кишвари худ бо Тоҷикистон ҳавасмандии ҷониби Саудиро ба тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳа, бахусус дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод таъкид намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.