Вохӯрии Қоҳир Расулзода бо нахуствазирони Қазоқистону Афғонистон дар Остона

Дар доираи иштирок дар кори ҷаласаи навбатии нахуствазирони кишврҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Остона, нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода як қатор мулоқотҳои дуҷониба анҷом дод. Тавре ба «Азия-Плюс» тариқи телефон аз Остона сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, субҳи имрӯз Қоҳир Расулзода бо нахуствазири Қазоқистон Карим Масимов мулоқот карда, дар ҷараёни он […]

Аваз Юлдошев



Дар доираи иштирок дар кори ҷаласаи навбатии нахуствазирони кишврҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Остона, нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода як қатор мулоқотҳои дуҷониба анҷом дод.

Тавре ба «Азия-Плюс» тариқи телефон аз Остона сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, субҳи имрӯз Қоҳир Расулзода бо нахуствазири Қазоқистон Карим Масимов мулоқот карда, дар ҷараёни он масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо дар бахши иқтисод ва таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои илму фарҳанг баррасӣ шуданд.

«Нахуствазири ҷумҳурӣ имрӯз ҳамчунин бо нахуствазири Афғонистон Абдулло Абдулло низ дидору гуфтушунид карда, дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкориҳои мутақобила дар бахшҳои энергетика, коммуникатсия, нақлиёт, амният ва тиҷорат матраҳ гардиданд», – иброз дошт Муҳиддинов.

Ба гуфтаи ӯ, нимаи дуюми имрӯз нахуствазири Тоҷикистонро дар ҳайати нахуствазирони кишварҳои узви СҲШ президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба ҳузур мепазирад.

Дар ҷаласаи мазкур дурнамои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ миёни кишварҳои узви СҲШ баррасӣ шуда, ҳамчунин тадбирҳои аввалиндараҷа оид ба густариши бештари ҳамкориҳои мутақобила бо назардошти тағйирот дар иқтисоди глобалии минтақа мувофиқа мешаванд.

Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа баёнияи муштарак ва қарорҳо дар бораи ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти СҲШ, аз ҷумла оид ба тасдиқи буҷет барои соли 2015 ва ворид намудани тағйирот ба Қоидаҳои молиявӣ қабул мешаванд. Ҳамчунин имзои санадҳо дар бораи густариши ҳамкорӣ миёни хадамотҳои гумруки созмон омода мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.