Дар маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ, ки шоми дирӯз яке аз шахсон бонуфузи маҳаллӣ боздошт ва сипас раҳо гардид, шаб оромона сипарӣ шуд.
«Субҳи имрӯз тамоми нуқтаҳои савдо, мактабу бемористон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи реҷаи маъмулӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар ВМКБ.
Бино ба гуфти манбаъ, дар шаҳр ягон издиҳоми мардум ба мушоҳида намерасад. «Мақомоти интизомӣ бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, ба тартиби пурзӯри адои хизмат гузаронида нашудаанд», – иброз дошт сарчашмаи хабар.
Сухангӯи раиси ВМКБ Раҳмонқул Раҳмонқулов гуфтаҳои намояндаи Раёсати ВКД-ро тасдиқ намуда, қайд кард, ки аҳолии Хоруғ дигар ба иғвогариҳо дода намешавад.
Рӯзи душанбе дар шаҳри Хоруғ Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, яке аз собиқ фармондеҳони Иттиҳоди мухолифин дар Бадахшон ва полковники мустаъфии нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ боздошт шуд.
Дар
изҳороти Раёсати КДАМ Тоҷикистон дар ВМКБ
, ки дар сомонаи «Ховар» нашр шуд, дар ин робита зикр мегардад, ки 15-уми декабри соли ҷорӣ, соати 14-00, дар маҳаллаи «Бархоруғ» шаҳрванд Муҳаммадбоқиров Муҳаммадбоқир бо чанд нафар гурӯҳи авбошон, бе иҷозати расмӣ ба объекти муҳими давлатӣ – шуъбаи дар шаҳри Хоруғ будаи Раёсати КДАМ ворид гашта, ба яке аз кормандони ин сохтор ҳуҷум кард ва бо истифода аз дастаи таппонча ӯро захмӣ намуд.



