Адвокати директори бозори «Ином»-и ноҳияи Шаҳритӯс аз болои суди вилояти Хатлон, ки ба ҳабси зерҳимояи ӯ иҷозат додааст, шикояти кассатсионӣ пешниҳод карданист.
Директори бозори «Ином»-и ноҳияи Шаҳритӯс Бурҳон Абдуллоев, ки дар робита ба муноқишааш бо додарарӯси президент Муҳибулло Саъдуллоев дар расонаҳо маъруф шуд, ба гумони оташзании бозори худаш боздошт шуд.
Адвокат Бузургмеҳр Ёров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки санади иҷозати ҳабс ба муддати 2 моҳ санаи 22-юми декабр аз ҷониби судяи суди вилояти Хатлон Д.Аҳмадов дода шудааст.
«Имрӯз мо ба Суди олӣ аз болои қарори суди вилояти Хатлон шикояти кассатсионӣ бурданием. Зерҳимояи ман изҳор кард, ки агар Суди олӣ мунсифона қарорро баррасӣ накунад, ӯ на бозор, балки худро назди бозори худаш оташ мезанад», – гуфт адвокат.
Қаблан иттилоъ дода будем, ки ба гуфтаи ҳамсари гумонбаршуда Санавбар Абуллоева, аз 19-уми декабр ҳамсари ӯ
дар Раёсати ВКД Хатлон қарор дошта
, ӯ гӯё ба «фармоиш» додани оташзании бозори «Ином» ба ду ҷавон, ки минбаъд бо далели шайъӣ – шишаҳои бензин боздошт шудаанд, гумонбар дониста мешавад. «Ҳамсари маро дидаву дониста боздошт карданд, то ки мо бобати қарори беадолатонаи суд дигар ба ҳеҷ куҷо муроҷиат накарда, саҳми худро дар бозор талаб накунем», – гуфт ӯ.



