Таъсиси ситоди пешинтихоботии ҲХДТ дар Хатлон

Дар ҷаласаи васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, ки имрӯз бо иштироки муовини раиси ҳизб Асрор Латифзода доир гардид, ситоди вилоятии пешазинтихоботии ҲХДТ таъсис дода шуд. Ба қавли Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, натиҷаҳои фаъолияти бахши ҳизб дар вилоятро Латифзода мусбат арзёбӣ намуд. «Дар ҷаласа ҳисоботи […]

Аваз Юлдошев



Дар ҷаласаи васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, ки имрӯз бо иштироки муовини раиси ҳизб Асрор Латифзода доир гардид, ситоди вилоятии пешазинтихоботии ҲХДТ таъсис дода шуд.

Ба қавли Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, натиҷаҳои фаъолияти бахши ҳизб дар вилоятро Латифзода мусбат арзёбӣ намуд. «Дар ҷаласа ҳисоботи Одилҷон Маҳкамов, роҳбари фраксияи ҲХДТ дар маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон шунида шуд», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки иштирокчиёни ҷаласа нақшаи баргузории конфронсҳо оид ба пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатиро тасдиқ намуданд.

Ба гуфтаи Усмон Солеҳ, ситодҳои пешазинтихоботии ҲХДТ рӯзҳои наздик дар тамоми вилоят ва шаҳру ноҳияҳо таъсис дода мешаванд. «Ситоди марказии пешазинтихоботии ХҲДТ-ро муовини аввали тозаинтихобшудаи раиси ҳизб Саидмурод Фаттоҳзода роҳбарӣ мекунад», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.