Директори бозори «Ином» ду моҳ таҳти ҳабс қарор хоҳад дошт

Адвокати директори бозори «Ином»-и ноҳияи Шаҳритӯс аз болои суди вилояти Хатлон, ки ба ҳабси зерҳимояи ӯ иҷозат додааст, шикояти кассатсионӣ пешниҳод карданист. Директори бозори «Ином»-и ноҳияи Шаҳритӯс Бурҳон Абдуллоев, ки дар робита ба муноқишааш бо додарарӯси президент Муҳибулло Саъдуллоев дар расонаҳо маъруф шуд, ба гумони оташзании бозори худаш боздошт шуд. Адвокат Бузургмеҳр Ёров ба «Азия-Плюс» […]

Мавзуна Абдуллоева



Адвокати директори бозори «Ином»-и ноҳияи Шаҳритӯс аз болои суди вилояти Хатлон, ки ба ҳабси зерҳимояи ӯ иҷозат додааст, шикояти кассатсионӣ пешниҳод карданист.

Директори бозори «Ином»-и ноҳияи Шаҳритӯс Бурҳон Абдуллоев, ки дар робита ба муноқишааш бо додарарӯси президент Муҳибулло Саъдуллоев дар расонаҳо маъруф шуд, ба гумони оташзании бозори худаш боздошт шуд.

Адвокат Бузургмеҳр Ёров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки санади иҷозати ҳабс ба муддати 2 моҳ санаи 22-юми декабр аз ҷониби судяи суди вилояти Хатлон Д.Аҳмадов дода шудааст.

«Имрӯз мо ба Суди олӣ аз болои қарори суди вилояти Хатлон шикояти кассатсионӣ бурданием. Зерҳимояи ман изҳор кард, ки агар Суди олӣ мунсифона қарорро баррасӣ накунад, ӯ на бозор, балки худро назди бозори худаш оташ мезанад», – гуфт адвокат.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки ба гуфтаи ҳамсари гумонбаршуда Санавбар Абуллоева, аз 19-уми декабр ҳамсари ӯ

дар Раёсати ВКД Хатлон қарор дошта

, ӯ гӯё ба «фармоиш» додани оташзании бозори «Ином» ба ду ҷавон, ки минбаъд бо далели шайъӣ – шишаҳои бензин боздошт шудаанд, гумонбар дониста мешавад. «Ҳамсари маро дидаву дониста боздошт карданд, то ки мо бобати қарори беадолатонаи суд дигар ба ҳеҷ куҷо муроҷиат накарда, саҳми худро дар бозор талаб накунем», – гуфт ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.