ВКХ худдорӣ аз сафар ба Яманро тавсия медиҳад

Date:



Бино бар ташаннуҷи вазъи амниятӣ дар Ҷумҳурии Арабии Яман ва  афзоиши ҳодисаҳои рабудани шаҳрвандони хориҷӣ дар ин кишвар, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш мекунад, ки муваққатан аз сафар ба Яман худдорӣ кунанд.

Дар маълумоти ВКХ Тоҷикистон дар ин робита зикр мегардад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки айни замон дар минтақаҳои мухталифи Яман қарор доранд, бояд бисёр эҳтиёткор бошанд, аз ҷойҳои таҷаммӯи одамон ва ё гурӯҳҳои алоҳида иҷтиноб варзанд ва дар сурати ташдиди вазъият дар Яман, ин кишварро тарк кунанд.

Ёдрас мекунем, ки сокини 36-солаи шаҳри Панҷакент Гулрухсор Рофиева, ки дар шуъбаи занонаи госпитали ҳарбии Мариби Яман кор мекард, санаи 29-уми октябри соли равон дар яке аз маҳаллахои шаҳр рабуда шуд. Ӯ автомашинаеро, ки мебоист ӯро ба госпитал мебурд, интизор нашуда, пиёда ба кор роҳ пеш гирифта ва дар роҳ ӯро афроди номаълум боздошт намуда, бо худ бурданд. То имрӯз озод кардани табибзан муяссар нашудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...