Роҳбари МТС: Тоҷикистон сари «бозиҳо»-и абарқудратон бояд андеша кунад

Роҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти Тоҷикистон Худойбердӣ Холиқназаров бар ин назар аст, ки Тоҷикистон бояд ҳамаҷониба талош варзад, то ки ба бозичаи дасти кишварҳои абарқудрати ҷаҳон табдил наёбад. Имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе ӯ дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон кишварҳои абарқудрат баҳри таҳкими нуфузи худ дар минтақаи Осиёи Марказӣ […]

Пайрав Чоршанбиев



Роҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти Тоҷикистон Худойбердӣ Холиқназаров бар ин назар аст, ки Тоҷикистон бояд ҳамаҷониба талош варзад, то ки ба бозичаи дасти кишварҳои абарқудрати ҷаҳон табдил наёбад.

Имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе ӯ дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон кишварҳои абарқудрат баҳри таҳкими нуфузи худ дар минтақаи Осиёи Марказӣ миёни ҳам рақобат доранд.

Ба андешаи Холиқназаров, феълан миёни ин кишварҳо дар минтақа ҷанги сард ҷараён дошта, аз ин рӯ, «мо бояд бикӯшем, ки он ба муноқишаи воқеъии мусаллаҳона табдил наёбад».

«Вақте дар кишварҳои минтақа кадом як ҳолатҳои зуҳури ноамнӣ ба вуҷуд оянд, русҳо маъмулан Ғарбро айбдор мекунанд ва Ғарб бошад, баръакс русҳоро», – иброз дошт ӯ.

Роҳбари Марказ таъкид дошт, ки Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро паси сар намуд ва «мо ба бори дигар такрор шудани он рӯйдодҳо бояд дигар роҳ надиҳем». 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.