«Сюрприз»-и ҳукуматдорони Қумсангир ба ҲНИТ

Ҳукуматдорони ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон як гуна «сюрприз»-е омода намуда, ба баргузории конфронси пешазинтихоботии муштараки бахшҳои ҲНИТ дар ноҳияҳои Қумсангир, Румӣ, Панҷ ва Ҷиликӯл, ки субҳи имрӯз бояд дар  толори Тоҷикматлубот-и ноҳияи Қумсангир доир мегардид, монеъа эҷод сохтаанд. Тавре сомонаи расмии ҲНИТ дар ин робита иттилоъ медиҳад, сухангӯи ҳизб Маҳмудҷон Файзраҳмонов тавассути телефон ба маркази […]

ASIA-Plus



Ҳукуматдорони ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон як гуна «сюрприз»-е омода намуда, ба баргузории конфронси пешазинтихоботии муштараки бахшҳои ҲНИТ дар ноҳияҳои Қумсангир, Румӣ, Панҷ ва Ҷиликӯл, ки субҳи имрӯз бояд дар  толори Тоҷикматлубот-и ноҳияи Қумсангир доир мегардид, монеъа эҷод сохтаанд.

Тавре сомонаи расмии ҲНИТ дар ин робита иттилоъ медиҳад, сухангӯи ҳизб Маҳмудҷон Файзраҳмонов тавассути телефон ба маркази иттилооти ситоди итихоботии ҲНИТ хабар додааст, ки онҳо ду рӯз қабл толори Тоҷикматлубот-и ноҳияи Қумсангирро барои баргузории ин конфронс ба иҷора гирифтаанд, вале субҳи имрӯз вақте барои пурра омода кардани толор меоянд, мебинанд, ки як гурӯҳ муаллимҳо дар ин макон ҷамъ шуданду омодаи баргузориии ҷаласа мебошанд. 

«Мо ночор маҷбур шудем ба дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Қумсангир муроҷиат намоем, вале он ҷо касе аз масъулини марбута ҳузур надошт, чун гуфтанд, масъулин барои ширкат дар ҷаласа вилоят рафтанд. Касоне, ки дар дастгоҳи ҳукумати ноҳия ҳузур доштанд, изҳор доштанд, ки дирӯз масъалаи баргузории ҷаласаи муаллимон матраҳ гардида буд ва чун шуъбаи маориф толор надорад, мо ночор онҳоро ба ҳамон толори иҷорагирфтаи шумо имкони баргузории ҷаласа додем», – изҳор доштааст . М.Файзраҳмонов.

Дар идома ӯ зикр кардааст, ки  ҳангоме ки бо масъулини шуъбаи маорифи ноҳия сӯҳбат кардаанд, онҳо гуфтаанд, ки намедонанд ин нишаст чанд соатро дар бар мегирад ва акнун тасмим гирифтаанд, ки бо раиси комиссияи ҳавзавии ноҳияи Қумсангир дар робита ба ин қазия суҳбату гуфтугӯ намоянд.

«Агар чунин монеъагузориҳо идома ёбанд, ночор маҷбур мешавем, дар манзили истиқоматии яке аз аъзои ҳизб конфронсро баргузор намоем. Ба ҳар ҳол, ҳоло чизе гуфта наметавонем, умед дорем ин мушкил ҳалли худро пайдо хоҳад кард, вале инро метавон “Сюрпризи муаллимҳо” дар арафаи интихобот унвон кард», – афзудааст сухангӯи ҲНИТ. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.