Ҷаласаи нахусти Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар соли равон

Имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи нахусти Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон доир гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷаласаи Шӯро протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Протоколи Конвенсия байни ҶТва Ҷумҳурии Австрия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ […]

ASIA-Plus



Имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи нахусти Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон доир гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷаласаи Шӯро протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Протоколи Конвенсия байни ҶТва Ҷумҳурии Австрия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя, дар бораи Созишномаи грантӣ (Лоиҳаи тиҷораткунонии соҳаи кишоварзӣ) байни ҶТ ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд, Созишномаи қарзи имтиёзноки ҳукуматӣ оид ба лоиҳаи «Сохтмони корхонаи истеҳсолии креолит ва фториди алюминий ва корхонаи истеҳсоли кислотаи сулфат дар ҳошияи таҷдиди ТАЛКО» байни Ҳукумати ҶТ ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой мавриди муҳокима қарор дода шуд. 

Гуфта мешавад, дар ҷаласа ҳамчунин Созишномаи қарзи имтиёзноки ҳукуматӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой дар хусуси«Сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа, қитаъи Ваҳдат-Ёвон» ва Созишномаи қарзи имтиёзноки ҳукуматӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба «Сохтмони навбати дуюми «Маркази барқу гармидиҳии-2 шаҳри Душанбе»бо иқтидори 2х150 МВт» низ баррасӣ шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.