Э.Раҳмон барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқиро тасдиқ кард

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 ба имзо расонида шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, барномаи мазкур идомаи барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқии қаблӣ буда, бо назардошти омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафт, таҳлили сохтору фаъолияти судҳо, инчунин омӯзиши фаъолияти дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи марбут ба фаъолияти […]

ASIA-Plus



Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 ба имзо расонида шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, барномаи мазкур идомаи барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқии қаблӣ буда, бо назардошти омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафт, таҳлили сохтору фаъолияти судҳо, инчунин омӯзиши фаъолияти дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи марбут ба фаъолияти судӣ таҳия гардида, дар он рушди минбаъдаи қонунгузории мурофиавӣ, такмили сохтор ва фаъолияти Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ, судҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати ноболиғон, тадбирҳо оид ба таъмини иҷрои санадҳои судӣ, такмили сохтор ва фаъолияти иҷрочиёни суд, тақвияти расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба аҳолӣ, баланд бардоштани сифати ташхисҳои судӣ -ҳуқуқӣ, таъминоти моддӣ-техникии судҳо, ҳифзи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, инчунин самтҳои дигари фаъолиятӣ ҳокимияти судӣ пешбинӣ карда шудааст.

Гуфта мешавад, ба Барнома нақшаи фаъолият замима гардидааст, ки дар он номгӯи чорабиниҳо, мӯҳлат ва масъули иҷро мушаххас муайян карда шудаанд.

Зикр мегардад, ки Барномаи мазкур барои таҳкими минбаъдаи адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ташкилотҳо, тақвияти пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.