Ҳукумати Қумсангир: Мо барои ҲНИТ ҳеҷ «сюрприз»-е омода накардаем



Хушрафтор Латипова, муовини раиси ноҳияи Қумсангир дар як суҳбати телефонӣ ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ягон монеъае барои гузаронидани конфронси ҲНИТ эҷод накардааст.

Бино ба гуфти ӯ, ду рӯз қабл раиси бахши ноҳиявии  ҲНИТ дар ноҳия ба назди онҳо омада, гуфтааст, ки дар толори Тоҷикмтлуботи ноҳия конфронсашонро мегузаронанд. «Ман шахсан ба роҳбари ин ниҳод дастур додам, ки толорашонро омода кунанд. Ҳамчунин ба шуъбаи маънавиёти дастгоҳи раиси ноҳия дастур додам, ки дар конфронси ҲНИТ ширкат кунанд. Бисёр мехостам шахсан худам иштирок кунам,аммо мутаассифона, ман дирӯз барои ҳисоботсупорӣ ба маркази вилоят рафта будам», – иброз дошт номбурда.

Х.Латипова мегӯяд, аз он ки дирӯз дар толори Тоҷикматлуботи ноҳия ҷаласаи шуъбаи маориф даъват шудаасту барои гузаронидани конфронси ҲНИТ имкон нашудааст, субҳ мудири шуъбаи маънавиёт ба ӯ хабар додааст. «Мо бо раиси пешини шуъбаи ҲНИТ дар ноҳия ҳамкориҳои хуб доштем, ҳамроҳ як мактаб сохтем ва ягон нофаҳмие бо намояндагони ин ҳизб дар ноҳия надорем. Ҳоло мудири маориф ва роҳбари Тоҷикматлуботи ноҳияро даъват кардаем, то бифаҳмем чаро дирӯз чунин ҳодиса рух додаст»,- илова кард муовини раиси ноҳия.

Ёдрас мекунем, ки ҳукуматдорони ноҳияи Қумсангир ба баргузории конфронси мазкур, ки бояд дар  толори Тоҷикматлубот-и ноҳияи Қумсангир доир мегардид,

монеъа эҷод сохта буданд.

Баъдан ҲНИТ хабар дод, ки конфронсашонро дар хонаи истиқоматии яке аз фаъолони ҳизбашон дар шаҳраки Дӯсти гузаронидаанд ва иштирокдорони ин конфрос якдилона Маҳмудҷон Файзраҳмоновро номзад ба Маҷлиси Намояндагон аз ин ҳавза пешниҳод кардаанд.

spot_imgspot_img

Популярное